мулоқотҳо
Фаъолияти
Вазорати
корҳои дохилӣ
мусбат
арзёбӣ гашт
10 ноябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба истиқболи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади ботантанаи бахшида ба иди касбии кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ бо ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар оғози суханронии худ аз шебу фарозҳо ва рӯзҳои сахту сангине, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар 21 соли рушди мустақили хеш, аз ҷумла дар роҳи пойдору устувор гардондани пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардум ба сар бурдааст, ёдовар шуда, ба нақши кормандону ходимони милитсия ва кулли мақомоти корҳои дохилӣ дар ин раванд баҳои баланд дод ва ҳамаи онҳоеро, ки дар гузаштаю имрӯз ба ин мақомот алоқамандӣ доранд, бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Тавре таъкид гардид, «баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор дошт».
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз талафоти ҷонии Қӯшунҳои дохилии кишвар дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон, ки шумораашон 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа «намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат» арзёбӣ намуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир аз ҷониби кормандони ин мақомот 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шуд. Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шуд, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуд.
Бо зикри он, ки аз соли 1994 ба ин сӯй зиёда аз 35 ҳазор мил яроқ ва дигар намудҳои аслиҳаи ғайриқонунӣ аз аҳолӣ гирифта шудааст, ҳамзамон бо ишора ба воқеаҳои солҳои охир таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша яроқу лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин хотир супориш дода шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа барои гирифтани яроқи ғайриқонунӣ чораҳои иловагии зарурӣ андешанд.
Чунонки зикр гардид, Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир меандешад. Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар корманди милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва 1200 кас бо қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардид.
Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион сомонӣ барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ нақлиёту техникаи махсус, яроқу аслиҳа ва воситаҳои махсуси хизматӣ харидорӣ гардида, барои мукофотонидани ҳайати шахсӣ беш аз 22 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин аз камбудию норасоиҳои соҳа ва қонуншиканиҳо дар миёни худи кормандону ходимони ин мақомот ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки танҳо дар соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ташкил медиҳанд.
Аз ин хотир таъкид гардид, ки «мардум ба фаъолияти Ҳукумат аз ҷумла аз рӯи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти беолоиши кормандони милитсия дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд».
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ёдоварӣ аз ҳолатҳои номатлуб дар фаъолияти кормандони алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ дар назди роҳбарияти соҳа доир ба баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ ва дониши ҳуқуқӣ, инчунин маданияти касбии кормандон супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои шиканҷа нисбати боздоштшудагон дода шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба масоили ислоҳот дар мақомоти корҳои дохилӣ таъкид гардид, ки зимни таҳия ва тасдиқи сохтори нави мақомоти мазкур такрори вазифаҳо аз ҷониби сохторҳои гуногун ва ҳам камбудиҳои ҷиддии дигар бояд аз миён бардошта шаванд.
Дар фароварди суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, кори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмуъ мусбат арзёбӣ намуда, бори дигар ҳамаи онҳоро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт ва барояшон дар фаъолияти мураккаби шабурӯзӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.12 №: 140-141 Мутолиа карданд: 2313