номаҳо
Дар никоҳ номи шаҳу арӯс
бояд арабӣ бошад?
Мулло пеш аз хондани хутбаи никоҳ дастур медод ва ҳам амр мекард, ки нахуст номҳои тоҷикии шаҳу арӯсро арабӣ намоянд. Барои дурустии амалаш бо амри дили худ дар "амри маъруф" зарураташро баён дошт.
Чунин як ҳодисаи ғарибро бори аввал шоҳид гардида будам. Агар амали ӯ воқеан дуруст аст, чаро пештар ҳеҷ як аз донишмандони исломии кишвар ҳақиқати онро боре ҳатто баён надоштаанд? Ба эътироз гуфтам, ки агар бо номҳои нави арабӣ хутбаи никоҳро хонед, шумо шахсони дигарро никоҳ кардаед, на ин шаҳу арӯсро. Суханам бар ӯ ҳеҷ асар накард.
Фикр мекунам, ки мулло (ба мулло буданаш ҳам шубҳа дорам) он рӯз тухми нобовариро кошт ва ҳам табъҳоро хира намуд. Агар амали мазкур хоси ҷараёнҳои дигар бошад, мебояд ҳар чи пештар пеши роҳашро гирифт, то сироят накунад. Ба ҳар ҳол, посухи намояндагони расмии Шӯрои уламои исломии кишварро дар ин бора интизорам.
Н. САФАРОВ,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.12 №: 143-144 Мутолиа карданд: 5238