номаҳо
Ифтихор аз мулки дигар то ба кай?
Мепиндоранд, ки дар маъракаҳо гули сари сабаданд. Бо сарвати зиёдашон ва сафарҳои хориҷияшон ифтихор мекунанд, агарчи онҳо на ба ифтихор, балки ба кибр наздиктар аст. Бо баёни таассуроташон мегӯянд: "Ҷаҳондида бошу ҷаҳонхӯрда не". Аммо намедонанд, ки дидани ҷаҳон ба хотири омӯзишу инкишофи тафаккур ва гирифтани дарси ибрат мебошад. Мутаассифона, онҳо дар баробари тавсифи аз ҳад зиёди мулкҳои пешрафтаи хориҷӣ кишвари азизи мо - Тоҷикистонро мазаммат менамоянд, бо садҳо ҷурм буҳтон мезананд ва таъкид мекунанд, ки дар ин даҳсолаҳо ба онҳо баробар шуда наметавонем.
Як рӯз косаи сабрам лабрез гардиду гуфтам: "Чаро шумо ба мулки дигар ифтихор менамоед? Сарватмандони кишварҳое, ки мафтунашон шудаед, дар шукуфоии диёрашон саҳм гирифтаанд, аммо шумо барои ободонии ҳатто зодгоҳатон маблағе сарф накардаеду кореро анҷом надодаед".
Бо иншои нома мехоҳам, ки ба суханони чунин одамон, ки қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишварамон ҳастанд, гӯш наандозем, бо тааҷҷуб наафтем, баръакс бояд қотеона посух бидиҳем, вагарна чунин ифтихору тавсифҳо ба насли ҷавон таъсири манфӣ мерасонад.
Н. АМИНОВ,
ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.12 №: 143-144 Мутолиа карданд: 4953