номаҳо
Роҳи моро кушоед
Бо аҳли оилаам аз соли 1979 дар хонаи №17, кӯчаи Чортеппаи ноҳияи Сино зиндагӣ мекунам. Ҳамсояам Ҳикматулло Исматов соли 2006 замини роҳи баромадамонро соҳиб шуда, атрофи онро девор кард ва мо дар "муҳосира" мондем. Ҳарчанд ба ӯ фаҳмондем ва хоҳиш кардем, ки роҳи қонунии моро набандад ва монеаро бардорад, вале рад кард. Бо ариза ба суди ноҳияи Сино муроҷиат кардем. Судя Д. Дӯстов ба манзили мо омада, бо азобу уқубат бо зинапоя аз болои девор гузаштани аҳли оилаамонро дида, роҳро кушод. Ҳ. Исматов баъди 6 сол, яъне соли 2010, бо даъвои барқарор кардани девор ба суди ноҳия муроҷиат кард.
Судяи суди ноҳияи Сино Таваккалов баҳси судиро 16.05.2011 ба манфиати ӯ ҳал намуда, роҳи моро баст. Ин қазия бо қарори марҳалаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе аз 27.07.2011 бетағйир монд. Ирсоли парванда ба марҳалаи назоратӣ, ҳамчунин бо таъиноти судяи суди Олии ҶТ аз 21.12.2011 барои моҳиятан баррасӣ намудан дар марҳалаи назоратӣ рад карда шуд. Фикр мекунам, ки нашри номаам ба ёфтани роҳи масъала мусоидат менамояд.
Тоҳир ШАРИФОВ,
сокини ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.12 №: 143-144 Мутолиа карданд: 1493