номаҳо
Аз баҳри "ӯ" бояд бароем
"Ӯ" имрӯз низ мушкил эҷод кардааст. Тарзи истифодаи дурусти онро намедонам, агарчи дар ин бора чандин мақолаҳои мутахассисонро хондаам. Ба бисёр саволҳои мардум дар мавриди истифодаи "ӯ" ва баҳсҳои атрофи он посухи мушаххасу қонеъсоз дода наметавонам. Намедонам, ки ин мавзуъро барои хонандагони мактаб чи тавр фаҳмонам. Аммо хуб шуд, ки аз баҳри тарзи навишти пештараи он ва қоидаи нодурусту бофтаи имлои "ӯ" баромадем. Фикр мекунам, ки ҳеҷ фоҷеае рух надодааст, агарчи баъзе аз мутахассисон дар бораи "аҳамияти" "ӯ" дар саҳифаҳои баъзе аз матбуоти даврӣ менависанд. Яке аз мутахассисон барои пойдории "ӯ" ба эътироз гуфта буд: "Бигӯ, "кӯш"-ро аз "куш" чи гуна фарқ карда метавонам"? Посух гуфтам: "Он гуна, ки "бино"-и идораро аз марди "бино" фарқ менамоӣ".
Кам шудани як ҳарфи нозарур аз алифбо ба манфиати кор аст. Яъне хуб мешавад, агар ба пурагӣ аз баҳри "ӯ" бароем. Бигузор соҳибони шеваҳо онро, ба тавре ки мехоҳанд, талаффуз кунанд, аммо нанависанд. Охир забонҳои дигар бе истифода аз ҳарфи "ӯ" ҳам рушду нуму ёфтанд. Аз ин рӯ набояд падруд ба "ӯ" моро ин қадар зиёд ба ташвиш биёрад.
С. РАҲИМОВА,
шаҳри Қурғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.12 №: 143-144 Мутолиа карданд: 4977