logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ, шаҳри Душанбе, 30 ноябри соли 2012

Ҳозирини гиромӣ!
Солҳои охир ба шарофати сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишварамон раванди ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат торафт вусъат пайдо карда, дар арафаи ҷашнҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол натиҷаҳои заҳмати созандаи мардуми диёрамон, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооту биноҳои навсохти таъиноти гуногун ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.
Дар ин раванд, сохта ба истифода супоридани бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе аз ҷумлаи иқдомҳои неку созандаи Ҳукумат дар марҳалаи кунунии рушди Ватани азизамон ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, мехоҳам кулли кормандони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии кишварро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ табрик гуфта, инчунин ба меъморону мутахассисон ва бинокорон барои бунёди чунин иншооти муосиру муҷаҳҳаз изҳори сипос намоям.
Дар зарфи ду - се соли охир дар пойтахти давлатамон як силсила иншооту биноҳои нав, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон - Нишон ва Парчами Тоҷикистон, Мактаби байналмилалии Президентӣ, биноҳои нави таълимии Донишгоҳи миллӣ ва азнавсозии бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббӣ, хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ва меҳмонхонаҳои мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, иншооти муосири фарҳангиву варзишӣ, боғу гулгаштҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд, инчунин хиёбону роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд, ки ин ҳама ҳусни Душанбеи азизамонро боз ҳам зеботар намуданд.
Бунёд гардидани иншооти муҳими имрӯза, агар аз як ҷониб боиси боз ҳам ободу зебо шудани як гӯшаи пойтахтамон гардад, аз ҷониби дигар, барои фаъолияти босамари кормандони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ мусоидат мекунад ва ҳамзамон ба онҳо шароит фароҳам месозад, ки аз ҳарвақта бештару хубтар фаъолият карда, вазифаҳои хизматии худро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ бо сарфи 12 миллион сомонӣ аз маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои дохилии Кумита бунёд шудааст. Бинои мазкур бо дарназардошти санъати меъмории муосир сохта шуда, дорои 90 утоқи корӣ, ошхона бо 120 ҷои нишаст ва толорҳои барҳаво барои гузаронидани машварату ҷаласаҳои корӣ мебошад. Умуман барои фаъолияти пурсамари ҳамаи кормандони Кумита тамоми шароити зарурии замонавӣ муҳайё карда шудааст.
Дӯстони азиз!
Чунонки ба ҳамаамон маълум аст, 93 фоизи кишварамонро кӯҳсор ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, доим таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат, манбаи асосии таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва самти афзалиятноки афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат буда, муҳимтар аз ҳама, заминаи аввалиндараҷаи ташкил намудани ҷойҳои нави кор барои аҳолӣ мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки тибқи қонун замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, аз ҷониби мардум самаранок истифода гардидани он кафолат дода шудааст.
Ҳоло ҷамъи заминҳои мамлакатамон зиёда аз 14 миллиону 255 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 748 ҳазор гектар заминҳои обӣ, қариб 100 ҳазор гектар боғу токзор, 204 ҳазор гектар майдонҳои наздиҳавливу заминҳои шахсии шаҳрвандон ва қариб 3,8 миллион гектар чарогоҳу заминҳои алафдарави обӣ мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, аз 4 миллиону 712 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии мамлакат танҳо 677 ҳазор гектари он заминҳои корам мебошанд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати дастрас гардонидани замин ба кишоварзон, инчунин мутобиқ кардани истифодаи он ба талаботи иқтисоди бозорӣ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ ва як қатор стратегияву барномаҳоро вобаста ба ислоҳоти замин қабул намуд.
Дар ин раванд, ҷиҳати гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, татбиқи ислоҳоти замин ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи худӣ солҳои 1995 - 1997 ду фармони Президент оид ба ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ба тасвиб расиданд, ки ин иқдомот аз тарафи аҳолӣ хуш пазируфта шуда, боиси аз байн бурдани хатари камҳосилӣ ва тадриҷан афзоиш пайдо кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ гардиданд.
Соли 1992 Қонун "Дар бораи ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид, ки мақсади аввалиндараҷаи он фароҳам овардани шароит барои ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Барои марҳала ба марҳала гузаронидани ислоҳоти замин мутобиқи фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар маҷмуъ сохтори 728 хоҷагии кишоварзӣ таҷдид гардида, дар заминаи онҳо қариб 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд.
То имрӯз дар қаламрави кишвар зиёда аз сад ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шудааст ва беш аз як миллион нафар истифодабарандагони замин бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардидаанд.
Ҳоло корҳо дар самти баҳисобгирии давлатии замин, таҳқиқоти хок, баҳои замин, таҳқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо ва омода намудани мавод барои харитасозӣ тавассути институтҳои лоиҳакашии "Тоҷикзаминсоз" ва "Фазо" амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои зикршуда дар 46 ноҳияи мамлакат бо сарфи маблағҳои зиёди буҷетӣ корҳои баҳисобгирии давлатии замин ба анҷом расонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баъд аз соли 1960 ҳисоби давлатии замин гузаронида нашуда буд. Бинобар ин, аз соли 2000-ум оғоз карда, дар ноҳияҳои ин вилоят, ба истиснои ноҳияи Мурғоб, корҳои баҳисобгирии давлатии замин гузаронида шуданд.
Татбиқи ислоҳоти замин ва ҷорӣ гардидани шаклҳои нави хоҷагидорӣ як қатор масъалаҳои ҳалталабро ҷиҳати муайян кардани арзиши замин ба миён овард. Ҳоло масъалаи муҳим дар ин самт аз он иборат аст, ки мо бояд арзиши воқеии ҳар як ваҷаб заминро муайян кунем, то ки меъёри андози замин аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шавад.
Аз ин рӯ, бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба арзиши замин ва андозбандии воқеии он, инчунин татбиқи андози ягона 12 майи соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин" қабул гардид. Татбиқи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки меъёрҳои асосии андози замин бо дарназардошти ҳосилнокии хок, маҳалли ҷойгиршавии он ва дигар шароити иқтисодӣ ва иқлимие, ки метавонад ба пастшавӣ ё худ афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъсир расонад, аз нав ҳисоб карда шаванд ва ҳар як ваҷаб замин арзиши воқеӣ ва дурусти худро пайдо намояд.
Бо ин мақсад дар 12 шаҳру ноҳияи мамлакат корҳо ҷиҳати муайян кардани баҳои иқтисодии замин гузаронида шуда, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Имсол барои соҳаи заминсозӣ аз буҷети кишвар қариб 5 миллион сомонӣ равона шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2001-ум 11 баробар зиёд мебошад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008 Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори давлатии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул муайян карда шудааст.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезиро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул" ва таҳияи реестри мушаххас оид ба замин тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Зеро ин яке аз самтҳои ҳарчи бештар ба иқтисоди расмӣ фаро гирифтани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!
Дар се соли охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои фонди наздиҳавлиӣ дар майдони қариб 27 ҳазор гектар 82 қарор қабул шудааст.
Агар дар 70 соли замони шӯравӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар, аз ҷумла 55 ҳазор гектар замини обӣ барои қитъаҳои замини наздиҳавлиӣ тақсим шуда бошад, пас дар 21 соли истиқлолият барои беҳтар намудани шароити зиндагиву манзилии аҳолӣ 127 ҳазор гектар, аз ҷумла 49 ҳазор гектар замини обӣ барои қитъаҳои замини наздиҳавлиӣ тақсим карда шудааст, ки ин заминҳо, бешубҳа, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Вале бояд гуфт, ки дар масъалаи истифодаи замин то ба ҳол як қатор камбудиву норасоиҳо ҷой доранд ва андешидани чораҳои ҷиддиро аз масъулони соҳа талаб мекунанд.
Агар солҳои 1990 - 1995 бо сабаби шӯршавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, инчунин бо сабаби аз истифода баромадани таҷҳизоти техникӣ ва танқисии сӯзишворӣ 43 ҳазор гектар замини корам аз истифода берун монда, дар майдони зиёда аз 20 ҳазор гектар замини обӣ кишт нашуда бошад, пас дар соли 2010 мутаносибан 19 ҳазору 300 гектар замини корам, аз ҷумла 15 ҳазору 300 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Соли ҷорӣ дар миқёси кишвар 19 ҳазору 600 гектар замини корам, аз ҷумла 14 ҳазору 600 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 10 ҳазору 600 гектар, вилояти Суғд зиёда аз 8 ҳазор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 1000 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ки солҳои охир, хусусан баъди қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 июни соли 2005 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2009" ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда то андозае беҳтар шудааст, вале бо вуҷуди ин, вазъ дар ин самт то ҳол қонеъкунанда набуда, андешидани тадбирҳои ҷиддии иловагиро тақозо дорад.
Танҳо дар аввали соли равон дар мамлакат 35 ҳазору 400 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, аз ҷумла 29 ҳазор гектар замини обӣ ҳамчун замини партов ба қайд гирифта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари равона шудани маблағҳои зиёди буҷети давлатӣ ҷиҳати таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтарсозии шароити обтаъминкуниву азхудкунии заминҳои нав дар мамлакат то имрӯз 10 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 840 миллион сомонӣ амалӣ шудааст ва ҳоло боз 9 лоиҳаи сармоягузории муштарак ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Бинобар ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираи об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ вазифадоранд, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корам, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ҳар як ваҷаб замини киштбоб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, азхудкунии заминҳои нав ва ҳарчи бештар ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, гирифтани ду -се ҳосил аз як қитъаи замин доир ба масъалаи ҷуброну барқарорсозии ҳосили заминҳои наздиҳавлиии ба аҳолӣ тақсимшуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Илова бар ин, такроран таъкид месозам, ки масъалаи вайрон кардани қонунгузории замин имрӯз боиси ташвишу нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст ва яке аз сабабҳои ба назди шумо омадани ман низ дар ҳамин аст.
Аз соли 2000 - ум то моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти заминсозии кишвар дар маҷмуъ 113 ҳазору 300 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, 8 ҳазору 270 мавод ба прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ, 18 ҳазору 250 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷарима ба судҳо ирсол шуда, 58 ҳазору 170 ҳолати вайрон кардани қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст.
Дар давоми солҳои 2009- 2012 аз ҷониби мақомоти прокуратура бо ҷалби кормандону мутахассисони дигар мақомоти дахлдор гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шуда, доир ба масъалаи қонунвайронкуниҳо дар самти тақсимот ва истифодаи замин санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор гардида, бо иштироки ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар заминистифодабарандагон мавриди муҳокимарониҳои ҷиддӣ қарор дода шуданд.
Таҳлили масъалаи мазкур нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии содир кардани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, агар аз як тараф аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба таври дахлдор иҷро нагардидани вазифаҳои хизматӣ бошад, аз тарафи дигар аз сӯи мутахассисони пажӯҳишгоҳи "Тоҷикзаминсоз" ба миён омадаанд, ки кормандони он ҳангоми гузаронидани баҳисобгирии давлатии замин ба таври ғайриқонунӣ заминҳои корами обии озодро ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидаанд.
Мутаассифона, чунин таҷрибаи номатлуб дар ниҳояти кор боиси пинҳон намудани амалҳои ғайриқонунӣ оид ба хариду фурӯши замин гардида, ба ибораи дигар як шакли пардапӯш кардани хариду фурӯши замин гардидааст.
Илова бар ин, баъзе шахсони мансабдори шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пинҳон намудани кирдорҳои ношоистаи худ ҷиҳати ба оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо кардани қитъаи замин ба Ҳукумати Тоҷикистон дидаву дониста, баъзан қитъаҳоеро интихоб ва пешниҳод кардаанд, ки дар он ҷойҳо аллакай шаҳрвандон хонаҳои истиқоматӣ бунёд намуда, зиндагӣ мекунанд.
Баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дар ҳудуди зери назораташон ҷойдошта худашон аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ истифода бурда шавад.
Дар раванди қонунигардонии молу мулк низ ба як силсила хилофкориҳо роҳ дода, дар ҷараёни ин маърака масоҳати зиёди заминҳои кишоварзӣ қонунӣ гардонида шудааст.
Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлиӣ, бинобар беназоратии масъулони комиссияҳои ҷамъиятӣ баъзе аз шаҳрвандон бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ ба рӯйхати эҳтиёҷмандон дохил карда шуда, ба онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлиӣ ҷудо карда шудаанд.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин комиссияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб ва тақсими одилонаи замин ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд чораҳои иловагӣ андешанд.
Тамоюли дигар он аст, ки дар натиҷаи саҳлангорӣ, хунукназарӣ ва баъзан бо мусоидати ошкорои шахсони масъул майдони зиёди заминҳои обӣ ва боғҳо мавриди хариду фурӯши ғайриқонунӣ ё тасарруфи шаҳрвандон қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки амалҳои ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, кормандони сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар самти тақсимоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ омили асосии афзоиш ёфтани коррупсия шуда, боиси нигарониву ташвиши аҳолӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қатъиян супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар тоза намудани сафи кормандони мақомот аз ашхоси тасодуфӣ ва ба кирдорҳои коррупсионӣ майлдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бинобар набудани назорати дахлдор дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто гурӯҳҳои муташаккиле созмон ёфтаанд, ки бо ҳамкории масъулони соҳа ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд.
Дар натиҷаи чунин қонунвайронкуниҳо танҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар давоми 5 соли охир зиёда аз 190 хоҷагии деҳқонӣ пурра барҳам хӯрда, заминашон дар майдони беш аз 354 гектар ғайриқонунӣ тақсим шудааст.
Чунин ҳолатҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасанд.
Падидаи номатлуби дигаре, ки дар бисёр шаҳру ноҳияҳо доман паҳн кардааст, ин аз тарафи шаҳрвандони алоҳида худсарона ишғол кардани замин мебошад.
Дар давоми солҳои 2009-2011 ва 8 моҳи соли 2012 аз ҷониби мақомоти прокуратура доир ба худсарона ишғол кардани замин 600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Қайд кардан лозим аст, ки агар дар давоми солҳои 2009-2010 оид ба ин намуди қонунвайронкунӣ ҳамагӣ 163 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда бошад, пас баъди ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ кор дар ин самт ҷоннок гардида, танҳо дар давоми соли 2011 ва 8 моҳи соли ҷорӣ вобаста ба ин намуди ҷиноят 430 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Таҳлили ҳолати вобаста ба риояи талаботи қонунгузории замин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон бештар аз ҳудуди заминҳои соҳаи кишоварзӣ худсарона қитъаҳои заминро ишғол мекунанд, ки ин боиси кам шудани миқдори заминҳои корами обӣ гардидааст.
Бинобар ин, ҷиҳати бартараф намудани ихтилофҳо ва барҳам додани омилҳои коррупсионӣ дар самти додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор масъалаи ба Кодекси замин ворид намудани тағйиру иловаҳои мушаххасро ҳамаҷониба баррасӣ намояд.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор, бартарафсозии камбудиву қонунвайронкунӣ дар ин самт ва истифодаи самараноку оқилонаи замин мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи мақомоти прокуратура доир ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва ғайримақсаднок истифода бурдани онҳо 8 ҳазору 523 парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ва чораандешӣ ба кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ирсол шудааст ва беш аз 1000 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 244 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.
Ғайр аз ин, бо мақсади бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда ба унвони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон беш аз як ҳазору 700 пешниҳод ва зиёда аз панҷ ҳазор амри прокурорӣ ирсол гардида, дар асоси онҳо майдони 2 ҳазору 330 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар баробари ин, ба 4 ҳазору 880 санади ғайриқонунӣ қабулнамудаи шахсони мансабдор эътироз оварда шудааст, ки аз ин ҳисоб 2 ҳазору 180 санадро қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар ин давра оид ба қонунвайронкуниҳои замин як ҳазору 467 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 406 парванда нисбат ба шахсони мансабдор ва роҳбарони ташкилотҳои кишоварзӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ин, дар давоми солҳои 2007-2011 ва 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳудуди мамлакат 625 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта (вилояти Суғд 177, Хатлон 247, шаҳри Душанбе 31 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 170) вобаста ба истифодаи ғайриқонунии замин ошкор карда шудааст.
Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида оид ба 222 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишот гунаҳгорон ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шудаанд.
Ҷиноятҳои ошкорнамудаи кормандони Агентӣ асосан аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои хусусӣ, ки дар истифодаи худ қитъаҳои замин доранд, содир карда шудаанд.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ ва рақамҳои зикршуда сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Бояд таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб рафта, бе дарки амиқи моҳияти истифодаи замин ва таъмини самаранокии он ҳалли масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ғайриимкон мебошад.
Вале тавре ки аз таҳлилҳои овардашуда бармеояд, дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат ба масъалаи мазкур аҳамияти зарурӣ дода намешавад ва бар замми ин хунукназариву тамаъҷӯӣ, тақсимоти ғайриодилона ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ бисёр мушоҳида мегардад.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолону масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешгирӣ кардан ва минбаъд роҳ надодан ба ин гуна падидаҳои нангин тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ бояд дурбинона муносибат намоем.
Инчунин Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо сохторҳои маҳаллии он вазифадоранд, ки пеш аз ҳама худашон намунаи баланди садоқат ба кору вазифаи ба онҳо вогузоршуда бошанд, бо дилу дасти пок ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои соҳа ва истифодаи самараноки замин дар тамоми қаламрави мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираи об якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пурра амалӣ шудани ислоҳоти соҳа, пешгирии партовшавии замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин ва баланд бардоштани маданияти истифодаи он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бори дигар ҳамаи кормандони Кумитаи заминсозӣ ва геодезиро ба таври қатъӣ вазифадор месозам, ки тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба тақсимоту истифодабарии замин, инчунин пешгирӣ кардани ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузории замин, хотима додан ба амалҳои коррупсионӣ ва умуман риояи қонуну тартибот дар соҳаи фаъолияти худ равона намоянд.
Дар охир бори дигар ҳамаи кормандони кумитаро ба муносибати ифтитоҳи бинои нав табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.12    №: 149    Мутолиа карданд: 3673
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед