мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Шоми 4 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ашқобод бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гаштанд.
Аз пайвастагии вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои роҳбарияти ду кишвар ва ҳам аз густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра изҳори қаноатмандӣ шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба робитаҳои ду мамлакат дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва оид ба рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.12.12 №: 150 Мутолиа карданд: 2457