мулоқотҳо
Мулоқоти
Эмомалӣ
Раҳмон
бо Оливе Пелен
7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метленд Пеленро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломатии ӯ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ба гуфти Оливе Метленд Пелен, дар Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дарки нақши Тоҷикистон ва мавқеи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тайи чанд соли охир хеле беҳтар гаштааст.
ӯ изҳор намуд, ки Фаронса пайваста Тоҷикистонро мавриди дастгирӣ ва мусоидати худ қарор медиҳад, зеро ин кишвар дар Осиёи Марказӣ мавқеи муҳими стратегӣ дорад ва нақшаҳои судманди сиёсию иқтисодиаш дорои аҳамияти калон барои кули минтақа аст.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Фаронса ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5449