logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Швейтсария, 10 декабри соли 2012

Муҳтарам Раиси Шӯро!
Муҳтарам намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд.
Имрӯз - 10 декабри соли 2012, яъне санаи дохилшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимест, ки бевосита ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам ба дӯстон ва шарикони ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон, ки моро дар раванди дуру дароз ва мушкили воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳамроҳӣ карданд, миннатдории самимии худро баён намоям.
Ман инчунин ба котиботи созмон таҳти роҳбарии директори генералии он ҷаноби Паскал Лами барои дастгирии пайвастаашон изҳори сипос менамоям.
Дар баробари ин арзи сипоси мардуми тоҷикро барои дастгирии беғаразонаи молиявию техникӣ ба кишварҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ расониданӣ ҳастам.
Маҳз бо кумаку дастгирии шумо мо тавонистем низоми тиҷорати худро бо қоидаҳои байналмилалии савдо мутобиқ намоем ва ба идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мазкур умедвор ҳастем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 11 сол муқаддам барои шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дархост пешниҳод намуда буд. Гумон мекунам, ки ин яке аз қадамҳои устувор ва мантиқан дурусти гузариши кишвари мо ба иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат як силсила корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои мардуми кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон  ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Принсипҳои созмони мазкур, махсусан доир ба эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамдигар ва таъмини шаффофияти муносибатҳо ба принсипҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамсон мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон дорои иродаи қавии сиёсии гузариш ба иқтисоди бозориест, ки он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ҳамоҳангу созгор бошад.
Ислоҳотеро, ки то имрӯз бо мусоидати  котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мо дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва иқтисодиёти кишвар бо мақсади ҳамгироӣ ба низоми бисёрҷонибаи савдо  анҷом додем, ба кишвари мо имконият фароҳам овард, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ба низоми тиҷорати глобалӣ дилпурона ворид гардем. Иқдомоти мазкур барои тиҷорати дохиливу хориҷӣ муҳити озод, шаффоф ва ғайридискриминатсиониро фароҳам меоранд.   
Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба бандарҳои баҳрӣ бевосита роҳи баромад надорад, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва азнавсозӣ идома  ёфта, мақсад аз татбиқи онҳо гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.
Раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо яке аз воситаҳои муҳим буд. Ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки таҷриба ва қоидаҳои дар ҷаҳон эътирофшудаи савдои байналмилалиро татбиқ намояд ва иқтидори институтсионалии кишварро афзун созад. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки мо раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии  Савдоро  ҳамчун оғози марҳалаи тӯлонии дарпешистода меҳисобем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо минбаъд уҳдадориҳои гирифтаашро ба ҷо оварда, муқарраротеро, ки аз талаботи   ин созмони бонуфуз бармеоянд, пурра риоя хоҳад кард ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи он самаранок иштирок хоҳад намуд. Инчунин кишвари мо интизори ҳамкории судманд  бо дигар аъзои он буда, муносибатҳои худро бо ин созмони ҷаҳонӣ густариш хоҳад бахшид.
Бо итминони комил зикр месозам, ки Тоҷикистон узвияти худро ҳамчун воситаи таъмини рушди минбаъдаи иқтисод ва ояндаи неки мардуми кишвар истифода хоҳад кард. Дар ин самт аллакай як қатор тадбирҳо пешбинӣ гардидаанд ва мо ният дорем соли 2013 оид ба масъалаҳои  сармоягузорӣ ва  савдо  конфронсе баргузор намоем, ки он самараҳои мусбати иқтисоди бозорӣ дар кишварро тақвият бахшида,  ба ҷаҳониён хабари омодагии доимии моро ба ҳамкории иқтисодӣ хоҳад расонид.
Дар баробари ин бояд зикр сохт, ки бо дарназардошти шартҳои дар ҳуҷҷатҳои роҷеъ ба масъалаҳои воридшавӣ дарҷгардида Тоҷикистон узвияти худро дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бесаброна интизор буд ва дар ин замина ислоҳоти иқтисодиро идома хоҳад дод.
Ҳукумати Тоҷикистон сафари намояндагони котиботи созмонро ба мамлакати мо, ки дар ҷараёни он меҳмонон назари худро оид ба маҷмуи ҳуҷҷатҳои воридшавӣ пешниҳод намудаанд, муҳим арзёбӣ менамояд. Мехоҳам таъкид созам, ки ҳуҷҷатҳои воридшавӣ дар маҷмуъ ҷавобгӯи манфиатҳои рушди мамлакат мебошанд.
Дар охир қайд карданиам, ки ҳамкории зич бo ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамроҳшавӣ ба низоми савдои бисёрҷониба  барои иқтисоди рушдкунандаи Тоҷикистон ҳаётан муҳим аст.
Қабули қарор дар асоси ризоияти умум яке аз хусусиятҳои фарқкунанда ва асоси пойдории  Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад.
Ман аз номи худ ва мардуми тоҷик ба ҳамаи аъзои созмон барои дастгирии якдилонаи Тоҷикистон дар раванди воридшавии он миннатдорӣ баён менамоям.

Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.12    №: 154    Мутолиа карданд: 3721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед