мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Паскал Лами
10 декабр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Паскал Лами, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, мулоқоти хоса анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Паскал Лами, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳамаи сохторҳою шахсоне, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон иштироки фаъол доштанд, арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт: "Воридшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмил додани низоми тиҷорати озоду шаффоф мебошад".
Ҷонибҳо аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар рушду инкишофи минбаъдаи иқтисоди кишвар муҳиму муассир арзёбӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "Тоҷикистон узвият ба ин созмони бонуфузро ҳамчун имконоти фарох барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум самаранок истифода мекунад".
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таъкид дошт: "Мо умедворем, ки дар оянда низ Тоҷикистон аз машварату маслиҳатҳои пайвастаи котиботи созмон истифода намуда, аз дастгирии пайвастаи он дар ин самти басо муҳим баҳравар мегардад".
Паскал Лами, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Cарвари давлати Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфта, воридшавӣ ба ин созмонро барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ номид ва изҳор дошт, ки мо омодаем дар дигар соҳаҳо низ ба Тоҷикистон мадад ва мусоидат намоем. Паскал Лами иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо нишонаи таваҷҷуҳи хосаи ӯ ба ин раванд ва ба таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод кард.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз Паскал Лами, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.12 №: 154 Мутолиа карданд: 2348