мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷаҳан Султаноглу
11 декабр, нимаи дуюми рӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Ҷаҳан Султаноглу, ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)- ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз ҳама бо Барномаи рушди он, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқдоми ҷаҳонии "Энергияи устувор барои ҳама" зоҳир гардид.
Бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ доир ба об, ки таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин чорабинии муҳим ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.12 №: 154 Мутолиа карданд: 2434