мулоқотҳо
Гуфтугӯи Сарвари давлат бо Киёши Кодера
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, 11 декабр ҳамчунин Киёши Кодера, ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки тайи солҳои шарикии дуҷониба аз ҷониби Ҷопон барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон дар ҳаҷми 295 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст.
Ҳоло бо дастгирии молиявию техникии Ҷопон лоиҳаҳои зиёд дар бахшҳои энергетика , нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва обтаъминкунии Тоҷикистон босамар татбиқ мегардад.
Киёши Кодера изҳор дошт, ки Ҷопон минбаъд низ дастгирии васеи худро аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва иқдомоти дигари худ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон идома хоҳад дод.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.12 №: 154 Мутолиа карданд: 2305