барқияҳо
Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама
15 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи таъзия ирсол дошт, ки дар он омадааст:
Муҳтарам ҷаноби Президент,
Бо андӯҳи бузург хабари дар мактаби Сендихуки иёлоти Коннектикут аз дасти як ҷинояткори нохалаф ба ҳалокат расидани бисту ҳафт нафар мактаббачаро дарёфт намудам.
Ин хабари мудҳиш бори дигар собит сохт, ки тамоми аҳли башар бояд дасти ҳам гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон, ки зимни он ҳуқуқ ба ҳаёт аз муҳимтарин рукнҳои он аст, муборизаи беамон барад.
Бо изҳори тасаллият ва таъзияи амиқ хоҳишмандам самимонатарин эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамраъйии мардуми Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва инҷонибро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.12 №: 155 Мутолиа карданд: 3460