барқияҳо
Барқияи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Барои ман мояи сарфарозист, ки табрику таҳнияти самимии хешро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Қазоқистон ирсол намоям.
Мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакатҳоямон ва халқҳоямонро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳем кард.
Ин санаи муҳим ба ман имкон дод, ки ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, тани сиҳат, хушбахтӣ, бурдбориҳо ва ба мардуми Қазоқистон сулҳу субот таманно намоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.12 №: 155 Мутолиа карданд: 3528