мулоқотҳо
Таъиноти кадрӣ
22 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аён гардид, ин кадрҳо асосан ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи раёсатҳои сохторӣ ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар пешниҳод шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таваҷҷуҳи хос ҳамчунин ба пешгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.12 №: 156 Мутолиа карданд: 2431