барқияҳо
Барқияи шодбош ба Пак Кин Хе
20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
"Хонуми Олиҷоҳ,
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки худро бифиристам.
Ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хоса медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн робитаҳои гуногунҷанбаи созанда ба роҳ монда шудаанд ва мо ба густариши минбаъдаи онҳо бовар дорем.
Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Шумо сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.12 №: 156 Мутолиа карданд: 3555