мулоқотҳо
Мулоқот бо Раиси Порлумони Туркия
18 декабр, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Порлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории байнипорлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ ёфтанд.
Ба нақши Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипорлумонии Тоҷикистон ва Туркия, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ фаъолият дорад, баҳои баланд дода шуд.
Ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.12 №: 156 Мутолиа карданд: 2315