мулоқотҳо
Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуд. Дар ҳамоиш сарони дигар давлатҳои аъзои иттиҳод низ ҳузур доштанд.
Дар ҷаласа масоили татбиқи чорабиниҳои вобаста ба Самтҳои афзалиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Нақшаи татбиқи чораҳои муштарак доир ба коҳиш додани оқибатҳои буҳронҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, тақвияти кори Бонки рушди Авруосиё доир ба қарзҷудокунӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишварҳои аъзои иттиҳод баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ду созишнома, ки яке дар бораи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дуюмӣ дар бораи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Изҳори боварӣ шуд, ки "дар ин санадҳо манфиатҳои Тоҷикистон ҳам, ки оянда метавонад ба ин иттиҳод ҳамроҳ гардад, ба инобат гирифта шудааст".
Зимни ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳо ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои солҳои 2011-2013 ва барномаҳои "Технологияҳои инноватсионӣ" ва "Безараргардонии заминҳои таҳти таъсири истеҳсолоти уран қароргирифта"-и давлатҳои аъзои иттиҳод баҳои мусбат дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.12 №: 156 Мутолиа карданд: 2307