паёмҳо
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2013-уми мелодӣ, 31 декабри соли 2012
Ҳамватанони азиз!
Мо бо соли 2012-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва Соли нави 2013 - уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави 2013-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки мо дар соли 2012 дар баробари истиқболи ҷашни фархундаи бистуяксолагии истиқлолияти кишвари маҳбубамон, инчунин ду санаи бузургу сарнавиштсози халқу давлатамон - понздаҳсолагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва бистсолагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибдавлатӣ ва бо дастовардҳои сазовори ин ҷашнҳои таърихӣ таҷлил намудем.
Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки ҷиҳати дар Ватани азизамон таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, мустаҳкам гардонидани аркони давлатдории миллӣ ва рушди тадриҷии иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибихтиёрамон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, раванди ободкориву созандагии сарзамини аҷдодиамонро сол ба сол густариш бахшем.
Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки соли 2012 - уми мелодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.
Яке аз дастовардҳои муҳими соли сипаришаванда боз аз он иборат аст, ки давлати соҳибистиқлоламон баъди азму талошҳои ёздаҳсола ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.
Ин падидаи фараҳбахш, яъне қабул шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ аз ҷумлаи созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, пеш аз ҳама, нишонаи эътирофи соҳибихтиёрии давлати мо мебошад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи кулли созмонҳои бонуфузи дунё гардид.
Ин иқдоми муҳим ҳамчунин боиси болоравии минбаъдаи нуфузу обрӯи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гардида, бешубҳа, барои фаъолияти босамари ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон ва ҳамгироии боз ҳам бештари он бо иқтисоди пешрафтаи ҷаҳонӣ фазои мусоид муҳайё месозад.
Чунонки шумо, ҳамватанони азиз, хуб медонед, мо солҳои охир раванди корҳои ободкориву созандагиро дар Ватани маҳбубамон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият бахшида, бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш меравем.
Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон беш аз пеш саҳм мегузоранд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки мо дар тӯли чанд соли охир тавассути таъмин намудани рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ бунёди нақбу шоҳроҳҳо, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ раванди неки ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишварамонро вусъат бахшида истодаем.
Масалан, бо ифтитоҳ гардидани нақби беш аз панҷкилометраи мошингарди "Шаҳристон", ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихии кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, мо мамлакати худро аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ раҳо кардем, яъне робитаи нақлиётии аҳолии мамлакатро дар чаҳор фасли сол таъмин намудем, ки ин иқдоми нек, дар навбати худ, боиси рафтуомади озодонаву бехатари мардум ва афзоиши бесобиқа пайдо кардани гардиши молу маҳсулот гардид.
Ҳамватанони азиз!
Маҳз бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии мардуми кишвар, сарҷамъии аҳли ҷомеа, бо ҷидду ҷаҳди содиқона ва меҳнати фидокоронаи халқамон ҳамасола нуфузу эътибори Тоҷикистони азизи мо дар миқёси олам афзун мегардад.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Мо бояд минбаъд низ аҳлона бо кору фаъолияти ватандӯстонаи худ мушкилоти мавҷударо бартараф созем, Ватани озоду соҳибихтиёрамонро ободу пешрафта гардонем ва сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардуми шарафмандамонро дар солҳои наздиктарин таъмин намоем.
Дар ин лаҳзаҳои фаро расидани соли нави 2013-уми мелодӣ бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд бо такя ба неруи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва неруи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.
Бигзор, соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Бигзор, орзуву ормонҳои неку созандаи мардуми шарафманди тоҷик минбаъд низ дар фазои якдигарфаҳмиву муттаҳидӣ ва бо меҳнати ватандӯстонаи сокинони сарзамини муқаддасамон амалӣ гарданд!
Бигзор, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълабор бошад, роҳи пуршарафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!
Соли нави мелодиро барои ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.01.13 №: 1-2 Мутолиа карданд: 3558