энергетика
Неруи барқи
иловагӣ дар
мактабҳои миёна
Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки мушкили дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактабҳои миёна на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҳама ноҳияҳои дурдасти кишвар ҷой дорад, вале роҳандозии пурраи марҳилаи дуюми барномаи фондҳои ҷамоавӣ 20 ноҳияи вилояти мазкурро фарогир аст.
Тибқи нақша дар марҳилаи сеюми барнома ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шӯрообод низ шомили барномаи мазкур мегарданд. Маблағгузории барнома аз ҳисоби Ҳукумати Олмон 15,4 миллион доллар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,32 миллион доллар ва аҳолӣ 0,19 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои роҳандозии барномаи мазкур дар соли гузашта аз 4691,3 ҳазор доллари ҷудошуда иҷрои ин нақша 92,2 фоиз таъмин гардид.
БМИМТ бо ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналхалқӣ (GIZ) доир ба истеҳсоли гармӣ аз сарчашмаҳои табиии барқароршаванда (неруи офтобу гармии замин) ва истифодаи он дар лоиҳаҳои мактабӣ ду сол боз ҳамкорӣ мекунад. Аз ин ҳисоб дар баъзе мактабҳо шабакаи гармидиҳии буғӣ ва ҳам дастгоҳҳои ҷамъоварандаю сафарбаркунандаи гармии офтобу замин мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Нигинаи РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.13 №: 11-12 Мутолиа карданд: 3408