барқияҳо
14 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
"Муҳтарам Алмазбек Шершенович,
Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ирсол намоям.
Боиси хурсандист, ки тайи солҳои сипаришуда баъд аз ин воқеаи барои мо таърихӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мунтазам анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳусни илтифоти мутақобиларо байни мардумашон инкишоф додаанд.
Мо ба сатҳи мушорикати кунунии ташаккулёфтаи кишварҳоямон баҳои баланд дода, ният дорем минбаъд низ онро дар сатҳи сиёсӣ, соҳаи амният, бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои ҳамкорие, ки дар онҳо манофеи ду давлат мувофиқ омадаанд, густариш диҳем.
Ман боварии қатъӣ дорам, ки ин гуна талоши мо дутарафа мебошад ва дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳои мо дар асоси принсипи манфиати мутақобила дар оянда низ устуворона ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад ёфт.
Омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда оид ба пурра намудани муносибатҳои кишварҳоямон бо муҳтавои ҷадид иброз намуда, ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шершенович, саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари қирғиз беҳбудӣ ва сулҳу саодатмандиро таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.13 №: 13 Мутолиа карданд: 3529