мулоқотҳо
Бонки осиёии рушд ба татбиқи лоиҳаҳои нав оғоз мекунад
Дар зарфи 15 соли истиқрори ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин ниҳоди молиявӣ ба манзури рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ ҳамчун маблағҳои қарзи имтиёзӣ, грант ва ёрии техникӣ ихтисос додааст.
Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Си Си Ю, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, таъкид шуд.
Бар асоси гузориши Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои судбахш баррасӣ шуда, дар назар аст, солҳои 2013-2014 аз сӯи бонки мазкур барои беҳсозии роҳҳо, шабакаҳои барқӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақаӣ 140 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо гарданд. Ин манбаъ иттилло медиҳад, ки ҳарду ҷониб ба рушди бештар ва тавсеаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикиву нақлиётӣ доир ба бунёди неругоҳҳои нави барқӣ, навсозии неругоҳҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли неруи барқ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Си Си Ю, ки баъди мулоқот бо Президенти мамлакат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, ба дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо хушбинӣ кард. Ба бовари ӯ, дохил шудани кишвари мо ба ин созмони муътабар имкониятҳои фаровони ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва созмонҳои гуногуни молиявиро дар ихтиёр мегузорад.
Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон итминон дод, ки дар ин симмат барои рушди ҳамкориҳои судбахш талош карда, аз манофеи Тоҷикистон дар тасмимгириҳои бонк ҳимоят хоҳад кард. Си Си Ю ҳамчунин изҳор дошт, ки бонк талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати раҳоӣ аз буҳрони энергетикиро дастгирӣ намуда, ба ин манзур лоиҳаҳои муҳим назири тарҳи неругоҳи вижае дар рӯдхонаи Вахшро рӯи даст мегирад. Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои роҳу нақлиётӣ роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг дар вилояти Хатлон бозсозӣ мешавад.
Зикр гардид, ки дар стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки барои солҳои 2014-2018 ба зудӣ таҳия мегардад, дар баробари рушди энергетика, нақлиёт ва бахши хусусӣ, тадбирҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ низ дар назар аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.13 №: 14 Мутолиа карданд: 2398