фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи танзими муомилоти
маҳсулоти тамоку
Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" фармон медиҳам:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад;
- барои ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
3. Фармони мазкур аз 1 апрели соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 январи соли 2013, № 1401
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.02.13 №: 17 Мутолиа карданд: 2666