номаҳо
Биёед, ба ҳамдигар
"салом" бигӯем
Чанд рӯз пеш аз сафари Амрико баргаштам. Дар ин кишвар хурду бузург дар роҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе ин ки ҳамдигарро бишиносанд, бо самимият, табассуми малеҳ "салом" мегӯянд ва посухи онро мегиранд.
Ва "салом" гуфтан дар Амрико -кишвари пешрафтаи дунё ба ҳукми анъана даромадааст. Он чун нишони фарҳангу маданиятнокии мардумаш шинохта мешавад. Вале бархе мегӯянд, замони гуфтани "салом" кайҳо гузашта, хоса дар пойтахти кишварамон, ки мардум ҳамдигарро намешиносад.
Агар расму ойинҳои неки ниёгонамонро фаромӯш кардаем, пас биёед ба тақлид аз ин кишвар ба ҳамдигар "салом" бигӯем.
Ҷумъахон ҲУСЕЙНОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.13 №: 20 Мутолиа карданд: 4944