номаҳо
Инсоф ҳам лозим аст
Фурӯшандагон аз мо, деҳқонон, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи бисёр арзон мехаранду онро се-чор баробар гаронтар ба савдо мегузоранд. Охир барои парвариши маҳсулот мо меҳнат мекунем.
Наход заҳмати фурӯши маҳсулот аз заҳматҳои мо бештар бошад? Инсоф ҳам лозим аст. Ҷабр ба кӣ мекунанд? Ба шаҳрвандони кишвари худ. Аз рӯи масали "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад" набояд амал кард.
Дар кишварҳои пешрафта масъалаи мазкур ҳалли дурусти худро ёфтааст. Масъулон метавонанд бо истифодаи таҷрибаҳои пешқадам камбуди ҷойдоштаро рафъ намоянд, аммо фориғболӣ зоҳир мекунанд.
Ҷ. АЗИМОВА,
ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.13 №: 20 Мутолиа карданд: 4944