мулоқотҳо
Бонки ҷаҳонӣ дар садади тавсеаи ҳамкориҳои энергетикист
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, баррасии рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Дар мулоқот Сарвари давлат воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ мондани мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони онро доир ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун муҳим унвон кард. Изҳори боварӣ шудааст, ки имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии тарҳи сохтмони неругоҳ дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд.
Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки баъд аз дидору мулоқот бо Президенти мамлакат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, аз натиҷаи ҳамкориҳои бонк бо Тоҷикистон, бахусус оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ситоиш кард. Мавсуф изҳор дошт, ки дар зарфи чанд соли охир ба манзури дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст. Ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли охири молиявӣ (аз моҳи июли соли 2012 то июли 2013), ҷиҳати татбиқи тарҳҳои гуногун 130 миллион доллар ҷудо намояд.
Номбурда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон додааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори амиқи иҷрои барномаҳои энергеткии Тоҷикистон аст ва дар ин замина талошҳо ба харҷ хоҳад дод. Аз ҷумла ба манзури сарфаи неруи барқ дар кишвар навсозии шабакаҳои барқрасон, ислоҳот дар системаи ШСХК "Барқи тоҷик" ва таъмин намудани истифодаи самарноки неруи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
- Мо бовар дорем, ки дар ин замина ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем шуд, - изҳор дошт Сароҷ Кумар Ҷа.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.13 №: 24 Мутолиа карданд: 2352