мулоқотҳо
Тоҷикистону Амрико ба рушди ҳамкориҳо майл доранд
20 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роберт Блейк - ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳузур пазируфт. Ин мансабдори баландпоя дар садри ҳайати намояндагони амрикоӣ ба манзури ширкат дар даври навбатии Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Амрико ба Душанбе омада буд.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши ин хабар иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқоти Сарвари давлат бо ёвари котиби давлатии ИМА маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, аз густариши робитаҳои судбахш изҳори қаноатмандӣ шуд. Бино ба гузориши манбаъ, Роберт Блейк аз номи ҳукумати кишвараш ба Президенти мамлакат ва мардуми Тоҷикистон барои нақши намоён дар таъмини амну суботи минтақа, мусоидати фаъол ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипос намудааст.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Амрико дастгирии худро аз тадбирҳои Тоҷикистон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома дода, ба он дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва таъминоти беҳтари моддию техникии неруҳои низомии кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.
Роберт Блейк, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, ин нуктаро таъйид кард ва гуфт, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар заминаи таҳкими марз дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст. Ӯ изҳор дошт, ки дар ҷараёни дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин татбиқи босамари барномаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ матраҳ шуд. Дар ҳамин ҳол, Роберт Блейк Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо табрик намуда, ин рӯйдодро барои кишвари мо дар моварои пайвастан ба тиҷорати озоди минтақавию ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ кард.
- Ҳамчунин мо доир ба мавзӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, озоду шаффоф ва одилона ба роҳ мондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон гуфтугӯи судманд анҷом додем,- изҳор дошт, - Роберт Блейк.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.13 №: 25-26 Мутолиа карданд: 2390