мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Аббосалӣ Ҳасанов
20 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасановро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки корҳо барои татбиқи амалии санадҳои сершумори дуҷониба, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, бояд ҷоннок карда шаванд.
Изҳори боварӣ шуд, ки бо татбиқи босамари ин санадҳо муносиботи миёни ду кишвари дӯст ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.13 №: 25-26 Мутолиа карданд: 2389