logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Модар, шаҳри Душанбе, 7 марти соли 2013

Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан - модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Дар ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро бузургиву шаҳомат, наҷобату шарофат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар гирди ҳам овардааст, ҳар яки шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми модарону бонувони иззатманди Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки "атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад".
Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
Чунонки аз таърихи куҳани мо - тоҷикон бармеояд, ҳанӯз дар аҳди бостон ҷашне бо номи "Сипандормуз" вуҷуд дошта, рӯзи панҷуми моҳи исфанд таҷлил мешудааст. Фариштаи Сипандормуз дар ҷаҳони маънавӣ посдори ишқу муҳаббат, фурӯтаниву бурдборӣ, садоқату фидокорӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбону пуштибони занони неку порсо будааст.
Дар иртибот ба ин, мутафаккири бузурги тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ чунин ақида дорад: "Маънии моҳи Сипандормуз хирад ва бурдборист ва он посбони замину пуштибони занони дурусту порсо ва шавҳардӯстдор мебошад".
Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашни занонро таҷлил мекардаанд ва занонро гиромӣ медоштаанд. Ба ин сабаб, ин рӯзро Берунӣ дар ҷои дигари китоби худ "Осор-ул-боқия" бо номи "муждагирон" ёд кардааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷашнҳои орёиён, аз ҷумла ҷашни Сипандормуз сурудҳои хоси худро доштаанд.
Ҷашни Сипандормуз бо суруди "Дуруд бар зан, дуруд бар мард, дуруд бар зиндагӣ" оғоз мешуд, ки он дуои нек дар ҳаққи занон буд ва ба ин васила мардон ба модарону хоҳарон ва ҳамсарону духтарони худ рӯзи хуш ва рӯзии фаровон мехостанд.
Фарҳанги мардуми тоҷик дар тӯли ҳазору панҷсад соли охир бо дини мубини ислом омезиш ёфта, арзишҳои он дар танзиму такмили зиндагии иҷтимоии халқи мо нақши ниҳоят муассир гузоштаанд. Шинохти ҷойгоҳ ва ҳуқуқи зан дар таълимоти дини ислом мақоми хос дорад ва наҷобату шарофат, инчунин баробарии фитрии занону мардон дар каломи осмонии Худованди мутаол - Қуръони маҷид борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла дар сураи Наҳл дар хусуси баробарии мардону занон дар аҷру подоши илоҳӣ омадааст, ки ҳар марду зан кори некӯ анҷом диҳад ва аз аҳли имон бошад, дар дунё ба ӯ зиндагии хушу покизае дода мешавад ва подоши бисёр беҳтар аз кирдорашон ато карда хоҳад шуд.
Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.
Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: "Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад". Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад.

Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Чунонки Унсурулмаолии Кайковус дар "Қобуснома" мегӯяд: "Устод парварандаи равон аст ва падару модар парваришдиҳандаи ҷон".
Дар тамаддуни куҳани мо мақом ва нақши модарӣ шояд муҳимтарин нақши ҳар зан бошад. Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонид. Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", Қонун "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Барномаи "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010" ва "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд.
Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият - мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.
Имрӯз дар мамлакат қариб 30 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил мекунанд ва онҳо дар ҳама зинаҳои ҳокимият дар вазифаҳои роҳбарӣ кору фаъолият доранд. Вале дар баробари ин, аз ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо мегардад, ки бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон ба масъалаи татбиқи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016" эътибори ҷиддӣ диҳанд. Тибқи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон фарогирии илму дониш ба ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз ҷинсият ва ирқу нажод кафолат дода мешавад.
Ҳукумат соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, ҳадафи асосиаш беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонписарону ҷавондухтарон мебошад.
Маҳз бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани ҷавондухтарону ҷавонписарони манотиқи дурдасти кӯҳистон аз соли 1997 то имрӯз тибқи квотаи Президенти мамлакат беш аз даҳ ҳазор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шудаанд, ки аз ин шумора ҳафт ҳазору панҷсад нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Аз 151 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат беш аз 42 ҳазор ё 28 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Аммо ин нишондиҳанда ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва мо бояд кӯшиш намоем, ки теъдоди ҳарчи бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки дар бобати ба таълими миёнаи пурра ва баъдан ба таҳсилоти олии касбӣ бештар фаро гирифтани духтарон, дар навбати аввал аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам чораҷӯӣ намояд. Ҳоло зиёда аз 60 ҳазор нафар занон муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, ки беш аз 50 фоизи шумораи умумии омӯзгорони кишварро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, шумораи зиёди кормандони муассисаҳои илмии кишвар занон мебошанд ва ин рақамҳо нақши муҳими занонро дар тавсеаи илмиву фарҳангии ҷомеаи мо нишон медиҳанд.
Бо вуҷуди ин ҳама, ба Вазорати маориф ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои аз раванди таълим берун мондани духтарон ва бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарон, тадбирҳои мушаххас андешанд. Зеро дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз таҳсилоти ҳатмии умумӣ дур мондани кӯдакони синни мактабӣ то ҳанӯз ба чашм мерасад. Тибқи маълумот дар ду соли охир беш аз 2600 нафар, аз ҷумла қариб 1400 нафар духтарон аз таҳсил берун мондаанд, ки ин боиси нигаронист. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва падару модарон барои ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешад.
Саҳми назарраси занон дар рушди соҳаи тандурустӣ низ баръало мушоҳида мегардад. Имрӯз қариб 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд ва онҳо дар табобати беморон, пешгирӣ кардан ва мубориза бо бемориҳои гуногун, расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва беҳдошти саломатии мардум нақши ниҳоят муассир доранд.
Тавре ки ҳамаи шумо медонед, бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории занону духтарон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои Ҳукумат ҳар сол 40 гранти Президенти мамлакат ҷудо карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба 96 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 170 нафар бонуи соҳибкор ба маблағи 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.  Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии соҳибкории бонувон танҳо дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Дар ин муддат зимни амалигардонии лоиҳаҳо қариб 2200 нафар бонувон бо шуғлҳои гуногун ва фаъолияти соҳибкорӣ фаро гирифта шудаанд. Тақрибан сеюним ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ, қариб 1000 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуда, маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи соҳибкории 16 ҳазор нафар занон баланд бардошта шудааст.
Дар натиҷаи чораҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла бонувони соҳибкор андешидашуда ҳоло шумораи умумии занони соҳибкор дар кишварамон беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Модарону хоҳарони азиз!
Ҳарчанд ки мо имрӯз дар арафаи ҷашн қарор дорем, вале мехоҳам бо истифода аз фурсат доир ба баъзе норасоиву мушкилоте, ки дар рафъи онҳо шумо нақши муҳим бозида метавонед, изҳори назар намоям.
Маҳз ба хотири беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар ин самт ва мустаҳкам намудани робитаи оила бо мактаб баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа моҳи августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардид.
Зеро тавре ки таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегонаи экстремистӣ ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятиву бемасъулиятии падару модарон ва ин масъалаи ҳаётан муҳимро нодида гирифтани онҳо мебошад.
Соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 484 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум 100 ҳодиса зиёд мебошад. Махсусан ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ аз тарафи наврасону ноболиғон зиёд шуда, дар давоми сол 95 ҳолатро ташкил додаанд. Инчунин соли 2012 аз ҷониби ноболиғон дар ҳудуди мамлакат 38 ҳодисаи авбошӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 12 ҳолат бештар мебошад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки бо ҷалбу истифодаи тамоми имкониятҳо, аз ҷумла падару модарон, аҳли зиё ва умуман ҳамаи аъзои ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, пеш аз ҳама, миёни наврасону ҷавонон қатъиян пурзӯр намуда, ҷиҳати татбиқи муқаррароти қонуни зикршуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин мехоҳам ба наврасону ҷавонон муроҷиат карда, хотирнишон созам, ки мо барои онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодаем, зеро наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи миллат ва созандагони Ватани мо мебошанд. Онҳо бояд фурсатро ғанимат дониста, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои муосирро аз худ кунанд, то дар оянда зиндагии сазовори худро таъмин намуда, дар раванди ободонии Ватани аҷдодӣ ва пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоли худ фаъолона ширкат карда тавонанд.
Дар "Қобуснома"-и Унсуралмаолии Кайковус доир ба илму ҳунар омӯхтан ва ба ҷомеа манфиат овардан чунин омадааст: "Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми беҳунар чун хори мағелон доим беманфиат бошад, ки тан дораду соя надорад ва на худро суд кунаду на дигаронро".
Ба ин маънӣ дар яке аз ҳадисҳои Расули Худо - Ҳазрати Муҳаммад (с)  омадааст, ки "омӯхтани илм афзалтар аз ибодат аст".
Шумо, занону бонувони гиромӣ, дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.
Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд. Агар онҳо фарзандро дуруст тарбият кунанд, ӯ хушбахт мешавад ва тарбияткунандагон низ дар ҳар ду дунё хушбахт хоҳанд шуд. Вале, агар онҳо дар масъалаи тарбия беэътиноӣ зоҳир намоянд, фарзанд бадбахт мегардад, ки гуноҳаш ба гардани онҳо хоҳад буд.
Дар навбати худ фарзандон вазифадоранд, ки эҳтироми волидайни хешро ба ҷо оранд ва онҳоро дар даврони пиронсоливу беморӣ парасторӣ кунанд. Чунонки Худованд дар сураи "Исро"-и каломи осмонии худ мефармояд:
"Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш дигареро ибодат макунед; ва ба падару модар накӯкорӣ кунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас ба онҳо "уф" магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани неку бигӯ! Ва аз меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш кардаанд!"
Ҳамчунин Ҳазрати Расул (с) дар як ҳадиси худ, ки дар "Васиятнома" - и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зикр шудааст, мефармоянд: "Накӯӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷҷу умра дар роҳи Худост".
Шоир ва орифи бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ итоат ба волидайн, махсусан эҳтироми модарро муҳимтар ва афзалтар аз ҳама мешуморад ва мефармояд:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.

Ё худ дар байте омадааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар  он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад.

Модарону хоҳарони гиромӣ!
Масъалаи дигаре, ки шумо дар ҳалли он саҳми назаррас гузошта метавонед, танзими расму оинҳои мардумӣ мебошад. Чунки занону модарони тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама, кадбонуи хонавода ҳастанд ва сариштаву сарфакории рӯзгор дар дасти онҳост. Сарфаи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рӯзгори муназзам мебошад, ки дар ин кори муҳим нақши занону модарон хеле калон аст.
Аз оғози амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қариб шаш сол сипарӣ гардид. Қабули қонун ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба афзоиши пасандози мардум дар бонкҳо, харидории воситаҳои нақлиёт, асбобу ҷиҳози хона ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ мусоидат намуд.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар ин муддат дар мамлакат беш аз 800 ҳазор маърака барпо шуда, 9 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардидааст ва зиёда аз 700 ҳазор сар чорво камтар забҳ шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар соли 2006 дар мамлакат 52 ҳазор ақди никоҳ баста шуда бошад, фақат дар шаш моҳи баъди қабули қонуни мазкур шумораи ақди никоҳ дар кишвар 23 ҳазор зиёд гардида, дар соли 2008 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 100 ҳазор расидааст, яъне ду баробар афзудааст ва дар панҷ соли охир мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Танҳо дар се соли охир беш аз чил ҳазор тӯйи хатна ва ду ҳазор тӯйи арӯсии фарзандони оилаҳои камбизоат аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба тариқи дастаҷамъӣ барпо гардидааст, яъне қариб ба 300 ҳазор нафар аҳолии ниёзманд кумак расонида шудааст.
Ҳарчанд ки то имрӯз як қатор маъракаҳои барзиёдӣ аз миён бардошта шуданд, вале дар муддати амали қонуни мазкур беш аз ҳазор мавод ва танҳо соли гузашта қариб 200 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, ки ин нишонаи фориғболии баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин бемасъулиятии баъзе шахсон ва дидаву дониста, ба буҷети оила ва сатҳи зиндагии хонадони худ зарар расонидани онҳо мебошад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки мо бояд ҳама якҷо пеши роҳи ҳар гуна зоҳирпарастӣ, хароҷоти беҳуда ва исрофкориҳоро гирем ва онҳое, ки ба чунин амал роҳ медиҳанд, дар назди қонун бояд ҷавоб гӯянд.
Ҳар кадоми мову шумо медонем, ки хароҷоти миёншикан ва ҷиҳозу либоси зиёду қиматбаҳо ба арӯс бахт намеорад. Пайғамбари ислом - Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ фармудаанд, ки "Беҳтарини издивоҷҳо тарзи содаи он аст".
Ҳамчунин дар ояи 31 сураи Аъроф омадааст: "Эй фарзандони Одам, исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад". "Исрофкунандагон бародарони шайтонанд".
Занону модарони азизи мо дар танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирӣ кардани амалҳои номатлуби зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи қонуни қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ низ яке аз вазифаҳои асосии занону модарон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст.
Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд. Занону модарони мо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург бозанд.
Занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд.
Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад.
Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд.
Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва кулли бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак бошад, модарону бонувони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.13    №: 33    Мутолиа карданд: 3684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед