мулоқотҳо
Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олиқадр
28 март, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Эрлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро "намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ" номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду мамлакат боз ҳам қавитар мегарданд.
Ерлан Идрисов ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба ҳамкориро нишонаи возеҳи болоравии обрӯю нуфузи ҷаҳонии кишвари мо номида, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо дастовардҳои муҳими глобалӣ таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 150% афзудааст. Ҳамзамон таъкид гашт, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёданд.
Барои ин фаъолияти бештари мақомоти муштараки ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Гуфтугӯи судманд доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ сурат гирифт.
* * *
28 март, нимаи дуюми рӯз, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои Осиёро, ки барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Эрлан Абдилдаев ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду нома аз Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев тақдим намуд. Тавре зикр гардид, бо ин номаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даъват карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои қирғизи худро пазируфта, ҳавасмандии Тоҷикистонро "ба рушди муносиботи босуботи дарозмуддат бо Қирғизистон" таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки "густариши робитаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст".
Зикр гашт, ки барои дар сатҳи матлуб доир намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то замони ин сафар омодагии ҷиддӣ бояд дид.
Атрофи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 (кашидани хати 500-киловолтаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду давлат гуфтугӯи созанда сурат гирифт.
Изҳори боварӣ шуд, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушди минбаъдаи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.
* * *
28 март, ҳамчунин зимни вохӯрӣ бо муовини порлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Куичи масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари рушдёфтаи ҷаҳон баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон "ҳавасмандии самимии Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкории дарозмуддати гуногунҷанба бо Япония" таъкид дошт.
Аз дастгириҳои беғаразонаи Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо аз ҷониби Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.
Тавре зикр гардид, дар ҳошияи ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба ҳамкорӣ боз 2 санади нав оид ба ёрии техникии Япония ба бахшҳои роҳсозӣ ва тандурустии Тоҷикистон ба имзо мерасад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, ки ҳамзамон ба рушди Афғонистон нигаронда шудаанд ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
* * *
29 март, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё як қатор иштирокдорони воломақоми ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Сауд масоили густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари соҳибнуфузи олами ислом баррасӣ шуданд.
"Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳад ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегирад", -изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки "мо инро хеле арзишманд медонем".
Гуфтугӯйи созанда доир ба робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Зарурати татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии мавҷуда, фаъолияти бештари комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар ва тавофуқоти муҳиме, ки зимни форуми дуюми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ моҳи июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, таъкид гардид.
Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳо табодули назар карда шуд.
* * *
Зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баррасӣ ёфтанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоти муҳим доир ба анҷоми пурраи бунёди неругоҳи "Сангтӯда-2" ва оғози сохтмони неругоҳи Айнӣ, кашидани хати интиқоли неруи барқ, лӯлаҳои об, газ, нафт ва бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Эрон зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз афзоиши пайвастаи гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон, ки ҳаҷмаш соли 2012 ба зиёда аз 217 миллион доллари амрикоӣ расид, таъкид дошт, ки "муомилоти молии кунунии ду кишвар баёнгари имконоти мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии онҳо нест".
Аз ин хотир беҳсозии шароити мутақобила барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои бахши хусусӣ зарур дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯоти минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
* * *
Дар вохӯрӣ бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра, ки яке аз муассисони Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё мебошад, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳам ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Таиланд баррасӣ шуданд.
Аз раванди рушди ҳамкории судманди ду кишвар, ки аз замони сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд дар моҳи августи соли 2005 такон ёфта буд, қаноатмандӣ изҳор гардид.
Арзи боварӣ шуд, ки сафари ояндаи Сарвазири кунунии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.
Аз номи Сарвазири Таиланд хонум Йинглак Шинаватра аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки барои иштирок дар Форуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки охирҳои моҳи майи соли равон баргузор мегардад, ба Таиланд ташриф барад.
Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.
* * *
Дар вохӯрӣ бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гаштанд.
"Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии "дарҳои кушода" ба рушди равобити дӯстона ва ҳамкории судовар бо кишварҳои араб, хусусан Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, аҳамияти афзалиятнок медиҳад".
Таваҷҷуҳи хос ба ташкил ва густариши ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафарҳои қарибулвуқуи расмии роҳбарони аввали ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар ба ин раванд ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт такони ҷиддӣ мебахшанд.
* * *
Зимни суҳбат бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия масоили ҳамкории рӯ ба рушди ду кишвари дӯст баррасӣ шуданд.
"Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон пайваста эҳсос менамоем", - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили сохтмони масҷиди ҷомеи Душанбе ва шаҳраки манзилию тиҷоратии Диёри Душанбе, ки бо сармоягузории мустақими Қатар сурат мегирад, зоҳир гардид.
Иштироки васеи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра матлуб дониста шуд.
Таъкид гардид, ки оғози ҳамкории воқеӣ дар соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли асал, ифтитоҳи бахши фаръии Бонки тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон, фаъол гардонидани хати мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Қатар дорои суди зиёд барои ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Қатар барои донишҷӯёни тоҷик омили таҳкимбахши робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
* * *
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул ва вазири молияи ин давлат Ҳазрат Умар Зоҳирвол масоиле, ки тайи солҳои ахир ду кишвар пайгирӣ менамоянд, баррасӣ шуданд.
Ҳамгироии босамари сохторҳои марбутаи ду кишвар барои татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хати барқии КАСА-1000 ва ғайра баррасӣ гашт.
Изҳори умед шуд, ки барои густариши бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар ояндаи наздик созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон ба имзо мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаи роҳи оҳан ва дигар бахшҳо низ ёрӣ расонад.
Гуфтугӯййи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкории сиёсию амниятии ду кишвар ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
* * *
Дар вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия Юри Октавиан Тамрин доир ба аҳамияти ҳамоиши имрӯзаи кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё ва муносиботи ду кишвар суҳбати судбахш сурат гирифт.
Юри Октавиан Тамрин ба сатҳи омодагии ҳамоиш баҳои баланд дода, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани онро нишони болоравии обрӯи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон номид.
Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дорои дурнамои накӯ арзёбӣ гардид.
Ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ шуд.
* * *
Зимни суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн Ғоним Фазлулбуайнайн омодагӣ ва ҳавасмандии ду кишвар ба ташкил ва густариши ҳамкории судбахш таъкид гардид.
* * *
Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ масоили ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам баррасӣ шуданд.
Хонум Наваз Дипу Монӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ба роҳбарият ва мардуми Бангладеш, ки ба хотири фавти роҳбари ин давлат зимни ҳамоиши имрӯза баён намуд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Вазири корҳои хориҷии Бангладеш болоравии пайвастаи нуфузи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро намоён номида, ҳавасмандии кишварашро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.
* * *
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суҳбати созанда, ҳамчунин бо вазири давлатии корҳои хориҷии давлати дигари халиҷӣ - Амороти Муттаҳидаи Араб Анвар Муҳаммад Гардаш анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз рушди босуботи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноат карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки барои фаъол намудани имконоти фарохи истифоданашуда минбаъд ҷаҳд бояд кард.
* * *
Cуҳбати пурмуҳтавои дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Наҷӣ Кору анҷом дод.
Наҷӣ Кору паёму дуруди Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, муносиботи ду кишвар ва роҳбарияти олии онҳоро "хос, наздик ва бародарона" номид.
Изҳори боварӣ шуд, ки минбаъд низ робитаҳои судбахши Тоҷикистону Туркия рушди бемайлон хоҳад дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.04.13 №: 47 Мутолиа карданд: 2501