logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали  Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи намудҳои чарогоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- чарогоҳ - қитъаи замине, ки бо қабати растаниҳои худрӯй ва киштшаванда пӯшонида шуда, барои чаронидан ва нигоҳдории чорво пешбинӣ шудааст;
- роҳҳои чорвогузар - қитъаҳои замини муқарраршудае, ки барои рондани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигари чарогоҳ пешбинӣ шудаанд;
- объектҳои инфрасохтории чарогоҳ - роҳу пулҳо, майдонҳои обдиҳӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва қубурҳои об, нуқтаҳои хӯрокдиҳӣ ва дамгирии чорво, ҳавзҳо барои гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпизоотӣ, манзили зисти муваққатии чӯпонҳо, молхонаҳо ва молу мулки ғайриманқул, ки барои чаронидани чорво, нигоҳдорӣ ва истифодабарии чарогоҳ заруранд;
- ғунҷоиши чарогоҳ - миқдори захираи хӯроки қитъаи муайяни чарогоҳ бо назардошти саршумори чорво ва мӯҳлати истифодабарии он, ки боиси бадшавии вазъи экологии  чарогоҳ ва маҳсулнокии он намегардад;
- чарогоҳистифодабарандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳро доранд;
- ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон - мақоми худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби чарогоҳистифодабарандагон бо мақсади истифодабарии дастҷамъонаи чарогоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. 
Моддаи 4. Принсипҳои истифодабарии чарогоҳ
Муносибатҳое, ки дар раванди фаъолият вобаста ба истифодабарии чарогоҳ ба миён меоянд, ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- таъмини истифодабарии самаранок ва комплексии чарогоҳ;
- ҳифзи чарогоҳ ва муҳити зист;
- мутобиқати манфиатҳои умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- ошкорбаёнӣ дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба истифодабарии чарогоҳ;
- дастрасии чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя барои андешидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии чарогоҳ.
Моддаи 5. Ҳуқуқи моликият ба чарогоҳ ва муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чарогоҳ моликияти давлатӣ мебошад.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии заминсозӣ қитъаҳои заминро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чарогоҳ  вобаста менамоянд.
3. Сарҳади чарогоҳ бо назардошти ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ, саршумори чорво, теъдоди аҳолӣ ва хоҷагиҳои дар ҳамин воҳиди марзиву маъмурӣ фаъолияткунанда, инчунин  талабот ба чарогоҳ дар мавсимҳои гуногуни сол муқаррар карда мешавад.
Моддаи 6. Фонди давлатии чарогоҳ ва тартиби истифодабарии он
1. Чарогоҳи ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии чарогоҳро ташкил медиҳад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарии чарогоҳ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал (чарогоҳи фонди давлатии заминҳои хоҷагии ҷангал) дар доираи салоҳияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии чарогоҳро идора менамоянд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва   истифодабарии чарогоҳ бо назардошти  саршумори  чорво  ва  иқлими кишвар нақшаи  тақсимоти чарогоҳи  мавсимиро байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони   Бадахшон,   вилоятҳо   ва   шаҳру   ноҳияҳо  таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Истифодабарии самараноки заминҳои фонди захираи давлатиро, ки ба сифати чарогоҳи мавсимӣ ҷудо карда шудаанд, дар ҳудуди худ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои фонди давлатии ҷангалро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал назорат мекунанд.
5. Барои таъмини истифодабарии самараноки фонди давлатии чарогоҳ чорабиниҳои зерин андешида мешаванд:
- мониторинги давлатии чарогоҳ;
- бақайдгирии давлатии чарогоҳ;
- экспертизаи давлатии чарогоҳ.
Моддаи 7. Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон
1. Шахсоне, ки дар моликияти шахсӣ чорво доранд, метавонанд ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагонро таъсис дода, ба мақомоти давлатии дахлдор барои ба иҷора гирифтани замини чарогоҳ муроҷиат намоянд. Ба ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон инчунин хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳистифодабарандагони алоҳида аъзо шуда метавонанд.
2. Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ба мақомоти давлатии дахлдор бо дархост муроҷиат намуда, замини таъиноти  чарогоҳро тибқи шартнома ба иҷора мегирад ва онро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода мебарад.
Моддаи 8. Намудҳои чарогоҳ
1. Чарогоҳ вобаста ба таъинот ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- минтақаҳои чарогоҳи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- минтақаҳои барои  роҳҳои чорвогузар пешбинишуда;
- минтақаҳои захиравии чарогоҳ.
2. Аз рӯи мавсими истифодабарӣ чарогоҳ  ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
- чарогоҳи зимистона;
- чарогоҳи тобистона.
3. Аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ чарогоҳ ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
- чарогоҳи водиҳо;
- чарогоҳи минтақаҳои наздикӯҳӣ;
- чарогоҳи минтақаҳои кӯҳӣ;
- чарогоҳи минтақаҳои баландкӯҳ.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ
МУНОСИБАТҲО ОИД БА ЧАРОГОҲ
Моддаи  9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ инҳо дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба чарогоҳ ва истифодабарии самараноки он;
- идоракунии умумии фонди давлатии чарогоҳ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ;
- муқаррар намудани тартиби истифодабарӣ, ҳифзи чарогоҳ ва  тасдиқи стандартҳои давлатӣ;
- ҳал намудани масъалаҳои баҳсноки байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба истифодабарии чарогоҳи мавсимӣ;
- танзими дигар масъалаҳо вобаста ба истифодабарии чарогоҳ. 
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад салоҳияти алоҳидаи худро оид ба танзими муносибатҳои истифодабарии чарогоҳ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо вогузор намояд.
Моддаи 10. Ваколатҳои  мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани барномаҳои давлатии истифодабарии самараноки  чарогоҳ;
- таҳияи дастурҳо, қоидаҳо, технологияи ҳифз, азнавбарқароркунии чарогоҳ, меъёрҳои намунавӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ва назорати иҷрои онҳо;
- гузаронидани мониторинги давлатии чарогоҳ ва захираи он;
- ташкили таҳқиқи геоботаникии чарогоҳ;
- назорати мутобиқати истифодабарии чарогоҳ вобаста ба ҷойҳои чаронидани чорво, мӯҳлат, намуд ва саршумори чорво, ҷойивазкунии истифодабарии чарогоҳ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани стандартҳои давлатӣ ва тартиби арзёбии мониторинги ҳолат ва сифати чарогоҳ;
- гузаронидани мониторинги нақшаҳои истифодабарии чарогоҳ;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии чарогоҳ;
- пешбурди феҳристи давлатии чарогоҳ ва тайёр намудани ҳисобот оид ба вазъи воқеии истифодабарии он.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ
 Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:
- нақшаи миёнамӯҳлат ва солонаи идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳро тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамоянд;
- фонди рушди чарогоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо тартиби муқарраргардида таъсис медиҳанд ва тартиби истифодабарии онро муқаррар менамоянд;
- назорати истифодаи қитъаҳои замин ва оби барои чарогоҳ пешбинишударо бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва объектҳои мероси фарҳангӣ ба роҳ мемонанд;
- дархост ва пешниҳодҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ баррасӣ менамоянд;
- комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳро таъсис медиҳанд;
- риояи стандартҳои давлатӣ ва тартиби арзёбии мониторинги ҳолат ва сифати чарогоҳро таъмин менамоянд;
- масъалаҳои дигари истифодабарии чарогоҳро дар доираи ваколатҳояшон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 12. Ваколатҳои  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:
- дар танзими муносибатҳои вобаста ба истифодабарии чарогоҳ бевосита иштирок мекунанд;
- дар китоби хоҷагидорӣ рӯйхати чарогоҳистифодабарандагон, саршумори чорвои ба онҳо тааллуқдоштаро аз рӯи намудҳояш дохил менамоянд;
- дар комиссияи  танзими истифодабарии чарогоҳ намояндагӣ мекунанд;
- ба мақоми дахлдор оид ба ҷудо кардани замини чарогоҳ дархост пешниҳод менамоянд;
- барои ташкили ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон мусоидат мекунанд;
- дар идоракунии чарогоҳ дар доираи ваколатҳои худ ширкат меварзанд;
- дигар  масъалаҳои вобаста ба истифодабарии чарогоҳро дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд.

БОБИ 3. ИСТИФОДАБАРИИ ЧАРОГОҲ
Моддаи 13. Истифодабарии чарогоҳ
1. Барои эҳтиёҷоти чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ, захираи давлатӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин  вобаста карда мешаванд.
2. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла чарогоҳистифодабарандагон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ чарогоҳ вобаста карда мешавад.
Моддаи 14. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ
1. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ дар сурати доштани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё шартномаи иҷора ба миён меояд.
2. Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти саршумори чорво ва намудҳои чорвои дар ихтиёрашон буда ва рушди минбаъдаи ин соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 15. Вобаста кардан ва ба иҷора додани замини чарогоҳ
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо назардошти саршумор ва намудҳои чорвои маҳалҳои аҳолинишин ва талаби сокинони ин маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои ҷудо намудани замини чарогоҳ бо дархост муроҷиат менамоянд.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо тибқи дархости мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди захираи давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии заминсозӣ замини чарогоҳро вобаста менамоянд.
3. Ба иҷора додани замини чарогоҳ, аз ҷумла заминҳои фонди давлатии ҷангал ба ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ва чарогоҳистифодабарандагони алоҳида тибқи шартнома амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ
1. Бо мақсади истифодабарии самараноки чарогоҳ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба мутобиқати чарогоҳ дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия  комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таъсис дода мешавад.
2. Ба ҳайати комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мутахассисони мақомоти маҳаллии заминсозӣ ва намояндагони чарогоҳистифодабарандагон дохил карда мешаванд.
3. Ба ваколатҳои комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ инҳо мансубанд:
- муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ;
- ҳалли баҳсҳои вобаста ба тақсимот ва истифодабарии чарогоҳ дар ҳудуди дахлдор;
- назорати истифодабарии самараноки чарогоҳ;
- таҳия намудани нақшаи миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ;
- гузаронидани мониторинги вазъи чарогоҳ;
- ҷалби мутахассисони соҳа барои таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои истифодабарии чарогоҳ.
4. Дар мавриди пайдо гардидани баҳсҳо оид ба марзи чарогоҳи ҳудуди шаҳрак ва деҳот байни чарогоҳистифодабарандагони як шаҳрак ва деҳот, байни чарогоҳистифодабарандагони шаҳрак ва деҳоти гуногуни ҳудуди як шаҳр ё ноҳия, байни чарогоҳистифодабарандагони шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳудуди як вилоят, баҳсҳо аз ҷониби комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳои сатҳи дахлдор баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 17. Нақшаҳои миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ
1. Истифодабарии чарогоҳ дар асоси нақшаҳои миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ ба роҳ монда мешавад.
2. Нақшаи миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ бо назардошти пешниҳоди ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон барои панҷ сол ва соли ҷорӣ таҳия гардида, он барои ҳудуди дахлдор бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Нақшаҳои миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ самтҳои зеринро дар бар мегиранд:
- харитаҳо, ки дар онҳо сарҳадҳои чарогоҳ, майдонҳои аз истифода баровардашуда ва ҳифзшаванда, замини чарогоҳи фонди давлатии ҷангал, замини захираи давлатӣ, роҳҳои чорвогузар, майдонҳои обдиҳӣ ва дигар объектҳои инфрасохтории чарогоҳ, ҳолат ва сифати қитъаҳои чарогоҳ муайян карда шудаанд;
- талаботи ғунҷоиши чарогоҳ;
- нақшаҳои рушд ва таҷдиди иншоотҳои чарогоҳ;
- талабот ба истифодабарии чарогоҳ, аз ҷумла истифодабарии мавсимии чарогоҳ ва ҷойивазкунии он, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи чарогоҳ, нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, пешгирӣ намудани таназзули алафзор, эрозияи хок ва вайроншавии ҳавзҳои об;
- нақшаи истифодабарии чарогоҳ ба дигар мақсадҳо.
4. Иҷрои нақшаи миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби чарогоҳистифодабарандагон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 18. Шартномаи иҷораи чарогоҳ
1.Шартномаи иҷораи чарогоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
2. Дар шартнома маълумотҳои зерин бояд зикр гарданд:
- шартҳои истифодабарии чарогоҳ;
- ҳудуди майдон, ҷойгиршавӣ ва сарҳади чарогоҳ, объектҳои инфрасохтории чарогоҳ;
- мӯҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- маблағи пардохт барои истифодабарии чарогоҳ;
- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ва дигар маълумот.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои чарогоҳистифодабарандагон
1. Чарогоҳистифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
- аз намудҳои гуногуни чарогоҳ истифода намоянд;
- замини чарогоҳро мутобиқи таъинот ва шартҳои дар шартнома пешбинишуда мақсаднок истифода баранд;
- дар сурати пайдо шудани номувофиқатиҳо нисбати  шартҳои дар шартнома пешбинишуда ба мақоме, ки бо он шартнома баста шудааст,  муроҷиат намоянд;
- ба истифодабарии ғайриқонунии чарогоҳи ба онҳо вобасташуда аз ҷониби  дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ надиҳанд.
2. Чарогоҳистифодабарандагон ӯҳдадоранд:
- ба мақоми ваколатдори дахлдор дар бораи вазъи воқеии чарогоҳ сари вақт маълумот пешниҳод намоянд;
- замини чарогоҳи ба онҳо вобасташударо самаранок истифода баранд, ба бадшавии муҳити зист роҳ надиҳанд;
- барои  ҳифзи замин, ҳолати ҷангалҳо ва ҷангалҳои бо роҳи табиӣ барқароршаванда тадбирҳои маҷмӯӣ андешанд;
- талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои шартномаи истифодабарии чарогоҳро риоя намоянд.
Моддаи 20. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ
1. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати амали шартнома ё сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин қатъ мегардад.
2. Асосҳои пеш аз мӯҳлат қатъ гардидан ё боздоштани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ инҳоянд:
- ихтиёран даст кашидани чарогоҳистифодабаранда аз истифодабарии чарогоҳ;
- мунтазам риоя накардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби чарогоҳистифодабарандагон;
- дар ҳолатҳои фавқулодда  дар асоси хулосаи комиссияи дахлдори ҳолатҳои фавқулодда;
- дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома истифода накардани чарогоҳ.
3. Қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
4. Дар сурати норозӣ будани чарогоҳистифодабаранда аз қарори пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ӯ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор ё суд муроҷиат намояд.
Моддаи 21. Амалҳое, ки ҳангоми истифодабарии чарогоҳ манъ карда шудаанд
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, бадшавии ҳолат ва сифати истифодабарии чарогоҳ амалҳои зерин манъ карда мешаванд:
- буридани дарахту буттаҳо;
- бе иҷозати мақомоти дахлдор роҳ кушодан, истифода кардани захираҳои табиӣ ва сарватҳои зеризаминӣ;
- ғайримақсаднок истифода бурдани замини чарогоҳ;
- ифлос кардани муҳити зист бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;
- аз меъёри муқарраршудаи ғунҷоиши чарогоҳ чаронидани саршумори бештари чорво.
Моддаи 22. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ
1. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ аз пардохти андози замин барои истифодабарии чарогоҳ ва маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ иборат мебошад.
2. Андоз барои истифодабарии замини чарогоҳ аз заминистифодабарандагони якумдараҷа тибқи меъёрҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
3. Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳистифодабарандагони алоҳида, ки замини чарогоҳро ба иҷора гирифтаанд, ҳамчун заминистифодабарандагони дуюмдараҷа маблағро барои истифодабарии чарогоҳ мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи шартнома пардохт менамоянд.
4. Маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ вобаста ба намуди чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво муқаррар ва тағйир дода мешавад.
 5. Ҳаҷми маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ аз тарафи комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳар намуди чарогоҳ ва шакли истифодабарӣ бо назардошти меъёрҳои ғунҷоиши чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво ва на камтар аз меъёри заминавии андози замин муайян карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва (ё) ноҳия пешниҳод карда мешавад.
6. Андозаи ҳадди ақалли маблағи иҷораи чарогоҳ аз андозаи меъёри дукаратаи заминавии андоз зиёд буда наметавонад.
Моддаи 23. Ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағ аз иҷораи чарогоҳ
1. Маблағи аз иҷораи чарогоҳ ҷамъоваришуда барои беҳтар кардани ҳолати чарогоҳ ва дигар мақсадҳои дар нақшаи миёнамӯҳлат ва солонаи истифодабарии чарогоҳ пешбинишуда истифода бурда мешавад.
2. Тартиби тақсим ва меъёри ҳиссаҳои пардохтшавандаро Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия муайян мекунанд.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ЧАРОГОҲ ВА
ИСТИФОДАБАРИИ ОН
Моддаи 24. Танзими давлатии истифодабарии самаранок ва ҳифзи замини чарогоҳ
1. Вазифаи танзими давлатии истифодабарии самаранок ва ҳифзи замини чарогоҳ аз таъмини риояи стандартҳои давлатии бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардида дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, қоидаҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии чарогоҳ иборат мебошад.
2. Танзими давлатии истифодабарии самаранок ва ҳифзи заминҳои чарогоҳ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии  ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо амалӣ карда мешавад.
3. Чарогоҳи ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор таҳти назорати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, тартиби истифодабарии онро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд.
4. Назорат ва истифодабарии минтақаҳои барои  роҳҳои чорвогузар пешбинишударо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
Моддаи 25. Дастгирии давлатии истифодабарии чарогоҳ
Барои таъмини рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва истифодабарии самараноки чарогоҳ дар доираи имкониятҳои  буҷети давлатӣ маблағ пешбинӣ мегардад, ки барои мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:
- амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ оид ба беҳтар намудани ҳолат ва истифодабарии самараноки чарогоҳ;
- иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ, лоиҳакашӣ дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии самараноки чарогоҳ;
- бунёд, таъмир ва барқароркунии объектҳои инфрасохтории чарогоҳ.
Моддаи 26. Талабот  оид ба истифодабарии самаранок ва                                ҳифзи чарогоҳ
Талабот оид ба истифодабарии самаранок ва ҳифзи чарогоҳ  инҳо мебошанд:
- риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии самараноки чарогоҳ ва роҳ надодан ба истифодабарии худсаронаи он;
- таъмини истифодабарии комил, самаранок, маҷмӯӣ, ҳифзи чарогоҳ ва нигоҳдории объектҳои инфрасохтории он;
- ҳифзи чарогоҳ аз ифлосшавӣ, зериобмонӣ, сӯхтор ва дигар омилҳои пасткунандаи сифати чарогоҳ;
- пешгирӣ намудани ҷамъшавии партови майдончаҳои дамгирӣ ва обдиҳии чорво.
Моддаи 27. Таҳқиқи геоботаникии чарогоҳ
1. Таҳқиқи геоботаникии чарогоҳ бо мақсади муайян намудани манбаъҳои табиии хӯроки чорво ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми таҳқиқи манбаъҳои табиии хӯроки чорво инҳо муайян карда мешаванд:
- намуд ва таркиби алаф, вобаста ба шароити табиӣ, маҳалли сабзиш, майдони нашъунамо ва хусусиятҳои ҷойгиршавии чарогоҳ;
- мавсими истифодабарӣ, имконияти истифодабарии чарогоҳ барои чаронидани намудҳои гуногуни чорво;
- ҳосилнокӣ ва сифату захираи алафи чарогоҳ;
- ҳолати табиии чарогоҳ (аз рӯи мавҷудияти дарахту буттаҳо, сангдорӣ, омехтагӣ бо алафҳои заҳрнок ва ғайриистеъмолии чорво, зичии алаф);
- хусусияти истифодабарии чарогоҳ вобаста ба мавҷудияти об, ҷӯю дарё ва шохоб, чоҳу чашмаҳо, роҳҳои чорвогузар, имконияти истифодабарии давра ба давраи чарогоҳ ва ғайра;
- майдони чарогоҳе, ки дар он чорабиниҳои хушконӣ ва киштгардон, обёрикунӣ ва чорабиниҳои пешгирии харобшавии хок тавсия дода мешавад;
- имконияти тағйирдиҳии чарогоҳ барои дигар соҳаҳои кишоварзӣ (зироаткорӣ, боғдорӣ ва ғайра).
2. Маводи геоботаникӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:
- ҳангоми таҳияи нақша ва лоиҳаҳои заминсозӣ;
- ҳангоми арзёбии (кадастри) замин, тавсифи сифати алафи дар қитъаи додашуда рӯида;
- ҳангоми таҳияи дастуру тавсияҳо оид ба гузаронидани корҳои беҳтаркунӣ ва истифодабарии самараноки чарогоҳ;
- ҳангоми тартибдиҳии харитаҳои геоботаникии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо;
- ҳангоми арзёбии ҳолати заминҳо ва қабули қарор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани рекултиватсияи замин, консерватсия, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи замин, барқароркунӣ, ҳифз ва баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳ, инчунин андешидани чорабиниҳо ҷиҳати истифодабарии самараноки чарогоҳ ва ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 28. Бақайдгирии давлатии чарогоҳ
Бақайдгирии давлатии чарогоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ карда мешавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Мавриди амал карор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 951

 

Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ" қабул карда шавад.

     Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2012, № 1033

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи чарогоҳ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ" ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2013, № 475


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 3991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед