қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ
ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №12, қ.1, мод.811) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни моддаи 3 калимаҳои "ва содироти" ба калимаҳои ", содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 5 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Тартиби фурӯши маҳсулоти тамоку тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 949
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани
истифодаи маҳсулоти тамоку"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2013, №1079
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи
маҳсулоти тамоку"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 473
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.13 №: 41-46 Мутолиа карданд: 3761