қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460; №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8; мод.10; №12, қ.1, мод.823) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;".
2. Дар моддаи 4:
- дар сархати сеюми банди 13) қисми 8 калимаи "яккаратаи" ба калимаи "дукаратаи" иваз карда шавад;
- дар банди 15) қисми 8 рақами "3" ба рақами "5" иваз карда шавад;
- дар банди 1) қисми 14 калимаи "дукаратаи" ба калимаи "панҷкаратаи" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои якум ва дуюми банди 4) қисми 15 калимаи "яккаратаи" ба калимаи "чоркаратаи" иваз карда шавад.
3. Ба қисми 3 моддаи 6 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 947
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 январи соли 2013, № 1065
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 471
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.13 №: 41-46 Мутолиа карданд: 3660