қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ НОМҲОИ ОБЪЕКТҲОИ ҶУҒРОФӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод.198) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати якуми моддаи 1 калимаҳои "Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва объектҳои амсоли онҳо" хориҷ карда шаванд.
2. Дар сархати шашуми қисми якуми моддаи 4 калимаи "номҳои" ба калимаҳои "номгузорӣ ва номивазкунии" иваз карда шавад.
3. Сархати дуюми қисми ҳафтуми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ду ва зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон номи якхела дошта бошанд."
4. Қисми шашуми моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад."
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 945
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1007
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 469
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.13 №: 41-46 Мутолиа карданд: 3722