logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи          соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4; мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840;       с. 2012, №7, мод. 719), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 69 калимаҳои "Судҳои иқтисодии марҳилаҳои якум ва апеллятсионӣ" ва "намоянд" мувофиқан ба калимаҳои "Суди иқтисодии марҳилаи якум" ва "намояд" иваз карда шаванд.
2. Аз қисми 5 моддаи 109 ва қисми 1 моддаи 296 калимаи "апеллятсионӣ," хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 119:
- ба қисми 4 пас аз калимаҳои "мебарорад, ки" калимаи "нусхаи" илова карда шавад;
- қисми 5 хориҷ карда шавад;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Аз болои таъиноти судӣ аз тарафи шахсе, ки нисбаташ ҷарима татбиқ шудааст, дар мӯҳлати даҳ рӯз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мумкин аст шикояти хусусӣ оварда шавад.";
- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
4. Ба Кодекс боби 241 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"БОБИ 241. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО
ОИД БА БАРҚАРОР КАРДАНИ
ПАРВАНДАИ СУДИИ ГУМШУДА
Моддаи 2021. Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Парвандаҳо оид ба пурра ё қисман барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, ки бо қабули ҳалнома ё баровардани таъинот дар хусуси қатъи мурофиаи судии парванда хотима ёфтааст, дар суди иқтисодӣ ба таври умумӣ, дар истеҳсолоти даъвогӣ мутобиқи Кодекси мазкур бо хусусиятҳои алоҳидаи пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ карда мешаванд.
2. Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз тарафи суди иқтисодӣ дар асоси аризаи шахсони иштироккунандаи парвандаи гумшуда оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда оғоз карда мешаванд.
Моддаи 2022.  Талабот нисбати ариза оид ба барқарор кардани  парвандаи судии гумшуда
1. Ариза оид ба  барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ба суди иқтисодие, ки вобаста ба моҳияти баҳс ҳалнома қабул кардааст ё дар хусуси қатъи истеҳсолоти судӣ оид ба парванда таъинот баровардааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бояд ба талаботи пешбининамудаи қисми 1, сархатҳои якум ва дуюми    қисми 2 моддаи 124 Кодекси мазкур, мувофиқат намояд.
3. Дар ариза бояд талаботи зайл дарҷ карда шаванд:
- аризадиҳанда маҳз дар хусуси барқарор кардани кадом парвандаи судӣ хоҳиш намудааст, оё  суди иқтисодӣ нисбат ба он  моҳиятан  ҳалнома  қабул кардааст ё баррасии парванда қатъ гардидааст;
- аризадиҳанда дар парванда кадом мавқеи мурофиавиро ишғол менамуд, дар парванда боз кӣ  ва бо кадом мавқеи мурофиавӣ иштирок дошт, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ин шахсон;
- аризадиҳанда дар бораи ҳолатҳои гум шудани парванда ё маҳалли ҷойгиршавии нусхаи парванда чӣ гуна маълумот дорад;
- аризадиҳанда маҳз барқарор кардани кадом ҳуҷҷатҳоро зарур мешуморад ва барқарор кардани онҳо барои кадом мақсадҳо заруранд.
4. Ба ариза ҳуҷҷатҳои  мавҷуда ва марбут ба парванда ё нусхаҳои онҳо, ҳатто агар бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда нашуда бошанд ҳам, замима мегарданд.
5. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ, ки ҳангоми  баррасии парванда оид ба барқарор  кардани  парвандаи  судии  гумшуда  масраф шудааст, озод карда мешавад.
Моддаи 2023. Баррасии судии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
Парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз тарафи судя танҳо дар маҷлиси судӣ бо иштироки шахсони манфиатдор баррасӣ мегарданд.
Моддаи 2024. Беҳаракат ё бе баррасӣ мондани ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Суди иқтисодӣ ҳангоми дар ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда баён накардани мақсадҳои дахлдори муроҷиат онро беҳаракат мемонад ва ба аризадиҳанда мӯҳлатеро муайян менамояд,  ки барои зикри мақсадҳо заруранд.
2. Агар мақсади  муроҷиати зикрнамудаи аризадиҳанда ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он алоқаманд набошад, суди иқтисодӣ оғози истеҳсолоти парвандаро ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда рад менамояд ё агар истеҳсолоти парванда оғоз шуда бошад, тибқи таъиноти асоснок аризаро бе баррасӣ мемонад.
Моддаи 2025. Рад  намудани  ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Парвандаи судие, ки то моҳиятан баррасӣ намудани парванда гум шудааст, барқарор карда намешавад. Дар ин ҳолат даъвогар ҳуқуқ дорад даъвои нав пешниҳод кунад. Дар таъинот дар бораи оғози парванда оид  ба даъвои нав вобаста ба гум кардани парвандаи судӣ ин ҳолат бояд ҳатман инъикос гардад.
2. Суди иқтисодӣ ҳангоми баррасии парванда мутобиқи  даъвои  нав  қисми боқимондаи парванда, ҳуҷҷатҳоеро, ки аз парванда то гум шудани он ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо дода шудаанд, нусхаи ин ҳуҷҷатҳо, дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба парвандаро истифода мебарад.
3. Суди иқтисодӣ метавонад ба сифати  шоҳид шахсонеро,  ки ҳангоми анҷом додани амали мурофиавӣ иштирок доштанд ва ҳангоми зарурат судяҳоеро, ки парвандаи гумшударо баррасӣ намудаанд, инчунин шахсони иҷрокунандаи ҳалномаро мавриди пурсиш қарор диҳад.
Моддаи 2026.  Ҳалнома дар бораи барқарор кардани  парвандаи судии гумшуда
1. Ҳалнома ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ, агар он вобаста ба парванда қабул гардида бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 2027 Кодекси мазкур, бояд барқарор карда шавад.
2. Дар ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ зикр мегардад, ки дар асоси кадом далелҳои ба суд пешниҳодшуда ва дар  маҷлиси  судӣ  дар ҳузури ҳамаи шахсони иштироккунандаи мурофиаи судӣ таҳқиқгардида суди иқтисодӣ мӯҳтавои ҳалномаи барқароршавандаро барқароршуда ҳисоб мекунад.
3. Дар қисми асосноккунии ҳалнома оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда хулосаи суди иқтисодӣ оид ба ҳолатҳои исботшуда, ки суди иқтисодӣ муҳокима намудааст, инчунин дар хусуси амали мурофиавии иҷрогардида вобаста ба парвандаи гумшуда зикр карда мешавад.
Моддаи 2027. Қатъ намудани баррасии парванда оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ҳангоми нокифоя будани маводи ҷамъшуда барои аниқ барқарор намудани ҳалнома вобаста ба парвандаи судии гумшуда суди иқтисодӣ бо таъинот баррасии  парвандаро дар хусуси барқарор кардани  парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд ва ба шахсони  иштироккунандаи парванда ҳуқуқи пешниҳоди даъворо бо тартиби умумӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Баррасии ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мӯҳлати нигаҳдории он маҳдуд карда намешавад. Ҳангоми муроҷиат бо ариза оид ба барқарор кардани парвандаи  судии гумшуда бо мақсади иҷрои он, агар мӯҳлати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷрои даъво гузашта бошад ва онро суди иқтисодӣ барқарор  накунад, суди иқтисодӣ ҳамчунин баррасии парвандаро дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд.
Моддаи 2028.  Тартиби пешниҳоди шикоят нисбат ба санадҳои судӣ дар бораи парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Нисбат ба санадҳои судие, ки бо барқарор кардани парвандаи судии гумшуда алоқаманданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шикоят кардан мумкин аст.
2. Ҳангоми дидаю дониста пешниҳод кардани аризаи бардурӯғ хароҷоти судӣ вобаста ба оғози парванда тибқи ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз аризадиҳанда ситонида мешавад.".
5. Аз қисми 1 моддаи 247 калимаи "такроран" хориҷ карда шавад.
6. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 278 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 937


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 январи соли 2013, № 1043
  
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2013, № 461


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 3771
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед