номаҳо
Агар иқдоми
моро дастгирӣ
намоянд
Таърихи тамаддун ва фарҳанги волои исломӣ бо арзишҳои бебаҳои худ исбот намудааст, ки дини мубини ислом дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни олам саҳми бузурге дорад. Ва аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) ба хотири шинохти бештари асли худ ва мавқеи сазовор пайдо кардани миллат дар раванди ҷаҳоншавӣ мебошад. Бо дарки ин масъулият мо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияи Рӯдакӣ, пеши худ мақсад гузоштем, ки имсол махсус тарғибгари истиқрори сулҳу амният, истиқлолият, ифтихори ватандорӣ, худогоҳӣ бошем ва дар омӯхтани таъриху фарҳанги миллат саҳми бештар аз пештар бигирем. Ҳамчунин силсилаи чорабиниҳоро бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузор карда, дар покизагии дину мазҳаб аз равияву ҷараёнҳои номатлуб саъю кӯшиш бинамоем, то ноогоҳонро аз пайравии онҳо боз дорем. Агар дигар имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ ин иқдоми моро дастгирӣ намоянд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4345