номаҳо
Садои «хлопушка»-ҳо камтар
ба гӯш расид, аммо…
Имсол нисбат ба солҳои пеш дар арафаи соли нав садои «хлопушка»-ҳо камтар ба гӯшҳо расид. Яъне барои пешгирии воридоти он то ҷое чораҳои зарурӣ андешиданд. Аммо рағбати кӯдакон ва наврасон аз «хлопушка» канда нашуда буд ва бо ҳар роҳ онро пайдо мекарданду хумор мешикастанд. Албатта, бо ташвиқу тарғиби калонсолон бачаҳо оҳиста-оҳиста аз ин «бозӣ» даст мекашанд. Вале дар ин ҷойи холӣ бояд чизи беҳтаре роҳ ёбад, ки боиси шодиву хурсандии кӯдакон гардаду соли навро онҳо ба табъи дил истиқбол намоянд. Хуб мебуд, ки аз ҳозир сари ин масъала биандешем.
Ҷумъахони РАҲИМ, ноҳияи Сино.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4213