мулоқотҳо
Мулоқотҳои пурмуҳтавои Эмомалӣ Раҳмон дар Белгия
10 апрели соли 2013 зимни суҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.
Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди "БОМКА/КАДАП", "Темпус" ва "Эразмус Мундус" ва дастгирии макромолиявию техникии Тоҷикистон арзи қаноат карда шуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки мулоқотҳои имрӯза бо роҳбарияти олии сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносиботи судманди ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат ва амният, иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, илму техника ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бино ба таъкиди Жозе Маннуэл Баррозу, "Тоҷикистон оянда ҳам, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи таҳияшавандаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва барномаю лоиҳаҳои сершумори мо дар Афғонистон чун кишвари калидӣ дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд".
Аз Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу даъват карда шуд, ки барои идома додани муколамаи созандаи ду ҷониб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
* * *
10 апрел мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Ҳерман ван Ромпей аз чорабиниҳои марказии барномаи имрӯзаи боздиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюссел буд.
Зимни вохӯрӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: "Иттиҳоди Аврупо аз рӯи нишондодҳои гардиши мутақобилаи мол ҳоло дар қатори панҷ шарики аввали тиҷоратии кишвари мо қарор дорад".
Тавре зикр гардид, дар соли 2012 ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 450 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Изҳори боварӣ шуд, ки ин нишондод солҳои оянда хеле афзоиш меёбад, зеро ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба «Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» ва дигар омилҳои муассир ба он мусоидат хоҳанд кард.
Ба Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдори он барои дастгирии Тоҷикистон дар раванди ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо арзи сипос карда шуд.
Изҳори итминон шуд, ки иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон нигарондашуда ҳам ба афзоиши бештари робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунанд.
Доир ба идомаи ислоҳоти фарогири Тоҷикистон, демократикунонии ҷомеа, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ба таври озоду шаффоф баргузор намудани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ шуд, ки интихоботи президентӣ инъикосгари воқеии рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегардад.
* * *
10 апрел - рӯзи дуюми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюссел, пойтахти Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен оғоз ёфт.
Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи қароргоҳи доимии ин созмон дар Брюссел истиқбол гирифт.
Боздиди навбатӣ аз НАТО бо маросими аксбардории якҷоя оғоз ёфт.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "аз ҳамшарикии амалӣ бо ин созмон дар доираи Барномаи "Ҳамёрӣ барои сулҳ" изҳори қаноатмандӣ карда, "татбиқи Барномаи инфиродии ҳамшарикии миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро воситаи муассири таҳкими равобити ду ҷониб номид".
Тавре зикр гардид, дар чаҳорчӯби ин барнома Тоҷикистон аз мусоидати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар тоза кардани ҳудуди худ аз мина ва дигар моддаҳои тарканда, пурзӯр намудани амнияти сарҳадӣ, омӯзиши забонҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо бархӯрдор аст.
Андерс Фог Расмуссен ба нақши Тоҷикистон дар ёрии амалӣ ба неруҳои эътилофии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ва мусоидати фаъол ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар баҳои баланд дода, давлати моро дар ин раванд "шарики боэътимоду устувори НАТО" номид.
Андерс Фог Расмуссен, ҳамчунин изҳор дошт, ки "НАТО дар масири мусоидат ба эҳёи иқтисодиёту иқтимоиёти Афғонистон ва омодасозии кадрҳои низомӣ ва полиси афғон аз имконоти Тоҷикистон имрӯз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад". Ӯ ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамшарикии боэътимод бо НАТО арзи сипос кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, изҳор дошт: "Вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷалби ҳарчи бештари Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ воситаи самарабахше дар масири сулҳсозӣ дар ин кишвар хоҳад буд".
Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш, аз ҷумла пас аз соли 2014 низ ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
* * *
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики Бонки сармоягузории Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳоло бо харҷи 21 миллион евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи "Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон" татбиқ мегардад.
Вилҳелм Молтерер изҳор дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.
Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд.
* * *
10 апрел дар идомаи сафар ба Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулс мулоқот намуд.
Дар даромадгоҳи бинои Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Парлумон Мартин Шулс истиқбол гирифта, ба макони аксбардории якҷоя даъват намуд.
Дар мулоқоти онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, хусусан раванди таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони он, фаъолияти босамари Кумитаи ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва ҳамчунин татбиқи босамари Стратегияи ҳафтсолаи ҳамкории Иттиҳод бо Осиёи Марказӣ изҳори қаноат карда шуд.
Мартин Шулс мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва нақши сиёсию амниятии онро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини суботу эътидол дар Афғонистон ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму экстремизм ва қочоқи мухаддирот муҳим номида, ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории босамар бо он таъкид дошт.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар робита ба шароити баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: "Ман ҳамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медиҳам, ки интихоботи президентии Тоҷикистон озодона, шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад".
* * *
11 апрел сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо узви Комиссияи Аврупо, Комиссар оид ба Рушд Андрис Пиебалгс идома ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки "Иттиҳоди Аврупо аз калонтарин шарикони мададрасони Тоҷикистон аст ва Комиссияи Аврупо дар масири дастгирии рушди устувори кишвари мо нақши намоён дорад".
Зимни суҳбати созанда доир ба роҳҳои дастгирии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ба рушди энергетика, инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин маорифу тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ нигарондашуда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Андрис Пиебалгс омодагӣ ва ҳавасмандии Комиссияи Аврупоро ба дастгирии Тоҷикистон ба манзури мавқеи стратегӣ ва нақши калидии он дар Осиёи Марказӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки барои татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар мулоқотҳои сершумори сатҳи олии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тайи ин рӯзҳо ҳосил шуданд, ҷаҳд хоҳад кард.
* * *
11 апрел масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми "Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон" муфассал баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии хоса бо Урбан Руснак изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ва ҳам форуми созмондодаи Хартияи энергетикӣ барои ҷалби васеи сармоягузорӣ ва рушди бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим такони ҷиддӣ мебахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот ва Форуми "Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон" лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи кишвари моро, ки аксари куллашон ба рушди тамоми минтақа нигаронда шудаанд, шахсан муаррифӣ намуда, доираҳои соҳибнуфузи давлатӣ ва соҳибкории Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро ба ҳамкории пурсамар дар ин соҳа даъват намуд.
* * *
11 апрел масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ҳамчунин дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби аввали президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел баррасӣ ёфтанд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.
Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати «Теттис петролиум» ба роҳ мемонад.
Чунонки зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Ин кор, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.
Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.
Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин вуҷуди бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин умедвориҳои зиёд доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.13 №: 52-53 Мутолиа карданд: 2637