номаҳо
Ба пурсишам ҷавоб меёбам?
Ман ба ин савол, ки чаро нархи хӯрокҳои пойтахти кишвар нисбат ба шаҳри Хуҷанд гаронтар аст, ҷавоб пайдо накардам. Тафовут хеле зиёд мебошад. Дар сурате, ки нархи маҳсулот қариб фарқ намекунад. Лаззати хӯрокҳо ва хидматрасонӣ ҳам дар пойтахт он қадар хуб нест. Пас ба кадом хотир нарх ба боло рафтаасту меравад?
Оё масъулон сари ин масъала андешидаанд? Охир мардум аз ҳаво, яъне бисёр осон, пул намеёбанд! Бояд нархнома ба ҳақиқати зиндагиву бозор мутобиқат кунад. Пас онро кӣ назорат мебарад?
Б. ҲАЙДАРОВ,
шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3512