мулоқотҳо
Таъиноти кадрӣ
18 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Ҳамин тариқ, Зеваршо Зеваршоев – муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Диловар Латипов – ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Зафаршо Иброҳимов - муовини директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин, роҳбарони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Файзобод ва дар хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди хизмати давлатӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳли нишастро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.13 №: 56 Мутолиа карданд: 2617