барқияҳо
19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз шунидани хабари ҳузнангез дар бораи марги даҳҳо одамон бар асари таркиш дар корхонаи истеҳсоли нуриҳо дар иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле андуҳгин шудам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро қабул фармоед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.13 №: 57 Мутолиа карданд: 3539