барқияҳо
20 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари заминларзаи харобиовар дар ҷанубу ғарбии Чинро, ки дар натиҷаи он одамон ҳалок гардидаанд, шунида дар ҳаяҷон ва андуҳгин шудам.
Дар робита ба ин, аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти амиқи худро изҳор дошта, хоҳиш менамоям, ки онро ба оилаҳои ҳалокгардида расонед ва эҳсоси ҳамдардии моро ба зарардидагони натиҷаҳои офати табиӣ қабул доред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.13 №: 57 Мутолиа карданд: 3475