мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Девид Петрэус
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петрэусро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар робита ба фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд. «Тоҷикистон қарори роҳбарияти Амрикоро оид ба зиёд намудани шумораи низомиёни худ дар Афғонистон пурра дастгирӣ мекунад», - изҳор дошт Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ бояд ба салоҳияти нерӯҳои эътилофӣ ҳамроҳ карда шавад. Девид Петрэус ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, аз роҳҳои асосии таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод гашт. Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои миёни сохторҳои дифоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрико ва рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4874