мулоқотҳо
Тоҷикистону Швейтсария дар масири ҳамкориҳои бештаранд
27 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишвар ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шудааст. Дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария аз рушди босуботи Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо, ёдовар шуда, ба роҳбарияти ин кишвари дӯст арзи сипос намуд. Бар асоси гузориши манбаъ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз муҳтавои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро "яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ" номидааст.
Айвес Россиер, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнгорон суҳбат дошт, натиҷаҳои сафараш ба кишвари мо ва дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлатро судбахш арзёбӣ кард.
Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария иттилоъ дод, ки кишвараш соли оянда раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда хоҳад гирифт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин замина яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот ба шумор рафтааст. Мавсуф итминон дод, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфуз дар таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Айвес Россиер сармоягузорӣ ба соҳаи маорифро, ки ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди кишвар аст, таъкид намуда, тавсеаи ҳамкориҳо дар ин бахшро зарур шумурд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.13 №: 61 Мутолиа карданд: 2377