мулоқотҳо
Пазироии Андрус Ансип аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон
6 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумла бандарҳои обии он низ муҳим арзёбӣ гашт.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштани Тоҷикистон ба таҳкими ҳамгироии бисёрҷониба дар ин самти ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.05.13 №: 64 Мутолиа карданд: 2421