мулоқотҳо
Гулгузорӣ дар боғи Ғалаба
9 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 68-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.
Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазор нафараш фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Сипас хотираи неку пурифтихори муҳофизони ҷасури Ватан бо гулчанбаргузорӣ аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва пойгоҳи низомии 201 - уми Федератсияи Русия пос дошта шуд.
Дар ҳамин мавзеи поси хотири қаҳрамонону қурбониёни он ҷанги пурдаҳшат ва дар ин рӯзи таърихӣ маросими савгандёдкунии наваскарони Горди фахрии Вазорати мудофиаи кишвар баргузор гардид, ки, бешубҳа, дар тарбияи ҳисси ҷасорату матонат ва ватандӯстии онҳо нақши муассир мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.13 №: 65 Мутолиа карданд: 2517