суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 15 майи соли 2013
Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки аксари шумо дар ёд доред, Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти вазнини солҳои навадуми асри гузашта, бо мақсади ҷалби бештари хонандагони болаёқату боистеъдод ба илмомӯзӣ ва амиқу ҳамаҷониба азбар намудани барномаҳои таълимӣ зарур донист, ки мактабҳои махсуси дорои шароити муосири таълиму тарбияро ташкил намояд.
Дар ин раванд, таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани мактабҳои президентӣ барои хонандагони боистеъдод мушкилоти соҳаи маорифи кишварамонро дар самти қонеъ гардондани талаботи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат бартараф намуда, ҳамзамон бо ин, дар ин муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташаккули ҳамаҷонибаи шогирдон ҳамаи шароити мусоиди зисту таълим фароҳам оварда шудаанд. Ҳоло дар кишварамон шаш мактаб ва литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалови вилояти Суғд, Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Турсунзода ва ноҳияҳои Данғараву Бохтари вилояти Хатлон фаъолият доранд.
Дар баробари ин, мо солҳои охир ба таъсиси шаклҳои дигари муассисаҳои таълимии махсус иқдом кардаем. Соли 2012 бори аввал дар кишварамон ба фаъолият оғоз кардани Муассисаи таълимии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони боистеъдоди мамлакат мебошад.
Литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе ҳамчун аввалин мактаби шакли нав зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Муассисаи мазкур нахуст 14 - уми январи соли 1992 бо номи Литсейи рақами яки шаҳри Душанбе таъсис ёфта, аз 20 - уми феврали соли 1998 тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст.
Имрӯз бо гузашти беш аз бистуяк сол бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки Литсей - интернати президентӣ дар натиҷаи ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти босамари устодону кормандонаш ба яке аз марказҳои бунёдии таълиму тарбия табдил ёфта, хатмкардагони он дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар бунёди иншооти муҳиму стратегии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми шоиста мегузоранд.
Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар Литсей-интернати президентӣ маблағгузории муассиса аз ҳисоби буҷети давлат мунтазам зиёд карда мешавад. Масалан, агар соли 2003 барои ҳамаи хароҷоти литсей-интернат хамагӣ 320 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум 600 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2012 беш аз як миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додааст. Танҳо дар зарфи даҳ соли охир ҷиҳати фаъолияти муназзами ин муассиса зиёда аз панҷуним миллион сомонӣ равона гардидааст.
Соли равон аз ҳисоби буҷети давлат бинои Литсей-интернат ба маблағи се миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Айни ҳол дар муассисаи мазкур қариб 750 нафар хонандагони боистеъдод аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла 550 нафар аз шаҳри Душанбе, 87 нафар аз вилояти Хатлон, 52 нафар аз вилояти Суғд ва 56 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 200 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Дар ихтиёри хонандагон 38 синфхона, аз ҷумла 35 синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ, 3 озмоишгоҳи фаннӣ ва синфхонаҳои компютерие, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд, вогузор карда шудааст. Яъне омӯзгорон ва толибилмон тамоми имкониятҳоро доранд, ки аз навигариву дастовардҳои тозатарини илму техникаи ҷаҳони муосир сари вақт огоҳ гарданд.
Ҳамчунин дар литсей - интернат устохонаи коркарди чӯб ва сехи дӯзандагӣ фаъолият мекунад ва ҳар як хонанда имконият дорад, ки дар баробари омӯхтани илму дониш касберо интихоб намуда, дар оянда барои пешбурди зиндагии хеш истифода барад.
Аз ин лиҳоз, шогирдони муассисаи таълимиро зарур аст, ки фурсатро ғанимат дониста, аз сабақи устодони ботаҷриба самаранок истифода баранд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд, зеро ҳеҷ кас аз фориғболиву танбалӣ ба мақсад намерасад ва танҳо шахси босаводу соҳибмаърифат ва соҳибкасбу баландихтисос метавонад дар зиндагӣ комёбу муваффақ бошад.
Дар айни ҳол Литсей - интернати президентӣ барои шумо даргоҳест, ки дар он ҷиҳати омода шуданатон ба хизмати халқу Ватан ва давлати худ, инчунин ҳаёти мустақилона ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Бинобар ин, насиҳати ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо, насли ояндасози миллат ин аст, ки аз имкониятҳои бароятон фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат пурра ва ҳаматарафа истифода баред, бо баҳои хубу аъло хонед, касбу ҳунар омӯзед, забони модарӣ, яъне забони давлатиро ба дараҷаи аъло азхуд кунед ва дар баробари ин як-ду забони хориҷӣ ва техникаву технологияҳои муосири коммуникатсиониро низ дар сатҳи баланд омӯзед, ифтихори падару модар, ифтихори ин муассисаи бонуфуз ва ифтихори Ватани азизамон -Тоҷикистон бошед.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати таълим дар Литсей-интернати президентӣ сол ба сол беҳтар ва сатҳи дониши толибилмон баланд гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни фаннӣ нисбат ба солҳои аввали таъсисёбии муассиса торафт беҳтар шуда истодааст. Масалан, дар давоми се соли охир шогирдони литсей-интернат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмӯъ соҳиби беш аз 190 медал гардидаанд. Инчунин дар давоми панҷ соли охир литсейро 5 нафар бо медали тилло ва 3 нафар бо медали нуқра хатм намудаанд, ки ин, албатта боиси ифтихор ва намунаи ибрат аст. Ҳамчунин дастпарварони ин муассисаи таълимӣ дар мусобиқаҳои варзишии мамлакат ва кишварҳои Осиё бомуваффақият иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.
Дар давоми даҳ соли охир Литсей - интернати президентиро як ҳазору 600 нафар хатм намуда, беш аз як ҳазору 300 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва 240 нафар ба мактабҳои олии давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ дохил гардидаанд.
Фарзандони азиз!
Ҳаёт собит намудааст, ки навсозӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бе таъмин намудани пешрафти илму маориф ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи таҷдиду такмили заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту неруҳои илмӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Зеро раванди омода кардани мутахассисон аз мактаб оғоз гардида, донишҳои бунёдӣ маҳз дар мактаб андӯхта мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми афроди ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Вале, чунонки имрӯз мушоҳида мегардад, дар натиҷаи муносибати фориғболона ва беэътиноии баъзе падару модарон, инчунин кормандони як қатор муассисаҳои таълимӣ ҳодисаҳои ба қонуншиканӣ ва ҷиноят даст задани бархе аз наврасону ҷавонон, хусусан дар шаҳри Душанбе афзоиш пайдо карда истодааст.
Шумо, фарзандони азиз, набояд фаромӯш кунед, ки мо - тоҷикон миллати фарҳангӣ ва дорои суннату анъанаҳои неки чандинҳазорсола ҳастем ва чунин рафтори сабукфикрона, ки аз ҷониби як зумра наврасону ҷавонон содир мегардад, ба шаъни мо намезебад.
Бояд шумо, фарзандони азиз, аз осори илмиву фарҳангии аҷдоди хеш, ки ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ дурдонаҳои пурарзиши илмиву адабиро ворид сохта, ҳамчунин дар ташаккули соҳаҳои гуногуни илми муосир низ хизматҳои зиёд кардаанд, барои такмили дониши худ васеъ истифода намоед. Ва имрӯз, ки ба мо ифтихори давлатдории миллӣ насиб гардидааст, аз ҳар яки мову шумо тақозо мегардад, ки барои пешрафти илму маорифи Ватанамон иқдомоти тозаву ҷиддиро амалӣ намоем.
Дар робита ба ин, ба падару модарон, омӯзгорону зиёиён ва ҳамаи онҳое, ки тақдири ояндаи давлат ва миллатамон барояшон бетафовут нест, хотирнишон месозам, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар яки мо тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи дӯст доштани илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи волои инсонӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми волидайн, калонсолону шахсони рӯзгордида мебошад, то ин ки фарзандони мо ҳамчун шахсони боодобу тарбиядида, соҳибмаърифату донишманд ба камол расанд ва дар оянда барои ободии сарзамини аҷдодиамон азму талош варзанд.
Аз ин рӯ, бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила, мактаб ва ҷомеа аз он иборат аст, ки фарзандонамонро, пеш аз ҳама, дар руҳияи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намоем, то ки онҳо ҳамчун шаҳрвандони бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида, донишманд ва ҳунарманду соҳибкасб ба воя расанд.
Дар ин раванд мо бояд муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро риоя ва иҷро намоем.
Ҳоло ки рӯзҳои охири соли хониш ва давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мебошад, мехоҳам таъкид намоям, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла шогирдони Литсей-интернати президентӣ бояд ба имтиҳонҳои қабул тайёрии пухта бинанд ва фақат ба умеди дониши андӯхтаи худ бошанд.
Ба роҳбарону масъулони Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бори дигар хотирнишон месозам, ки ба ин чорабинии муҳим бо тамоми ҷиддият муносибат карда, шаффофияти кори комиссияҳои қабул ва риояи адолатро таъмин намоянд.
Бовар дорам, ки омӯзгорони арҷманд бо истифода аз таҷрибаи беш аз бистсолаи дар ин боргоҳи бонуфуз андӯхтаашон раванди таълиму тарбияи кӯдакони болаёқатро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, бо дарназардошти талаботи торафт афзояндаи ҷаҳони муосир дар ташаккули шахсиятҳои воқеан донишманд ва худшиносу худогоҳ беш аз пеш саҳм мегузоранд.
Дар охир ба ҳамаи шумо, шогирдони азиз, устодони гиромӣ ва кормандони соҳаи маориф, ки барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ба манфиати давлату миллат ва ояндаи ободу осудаи Ватани азизамон заҳмат мекашанд, саломатӣ, руҳи болидаву иродаи қавӣ ва дар ҷодаи пурмасъули таълиму тарбия сари баланду барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.13 №: 68 Мутолиа карданд: 3790