мулоқотҳо
Таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ
16 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султоновро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шуданд.
Бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии накӯ, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба таҳким ва густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.13 №: 68 Мутолиа карданд: 2448