мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо насли ояндасози кишвар
23 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ пеш аз ҳама аҳли толор ва мардуми ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз мулоқоти имрӯза таҳлили корҳои барои татбиқи сиёсати ҷавонон то ҳол анҷомёфта ва муайян намудани вазифаҳои оянда ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Сарвари давлат ҷавононро “нерӯи бузурги бунёдкору созанда” номида, изҳори сарфарозӣ намуд, ки беш аз 5 миллион нафар ё худ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 30- сола ташкил медиҳанд. Тавре зикр гардид, барои таълиму тарбияи шоистаи насли навраси кишвар, ки дар воқеъ ояндаи давлату миллат ба онҳо вобаста аст, аз соли 2001 то 2012 1500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 мактаб-интернат бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароити муосир сохта, ба истифода дода шудааст, ки маблағи умумии масрафшуда 2,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Президенти кишвар, пешравиҳои зиёд, ҳамчунин дар соҳаи таҳсилоти олӣ ба назар мерасад. Ҳоло дар 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 156 ҳазор донишҷӯ аз рӯи 300 ихтисос таҳсили илм мекунанд. Барои муқоиса хотиррасон гардид, ки дар солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис омода карда мешуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳар сол садҳо нафар донишҷӯёни тоҷик бо квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва квотаҳои ҷудонамудаи давлатҳои дӯст барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки раванди интихоб ва фиристодани донишҷӯён ба хориҷи кишвар таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад, то ки дар хориҷа асосан ҷавонон аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ - техникии соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, сохтмону меъморӣ, геология, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳои барои Тоҷикистон бисёр зарур омода карда шаванд.
Бо ишора ба болоравии саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки 40 дарсади кормандони корҳои идории давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар робита ба ҳалли масоили манзил барои оилаҳои ҷавон, зикр гардид, ки тайи солҳои охир ба 1 миллиону 240 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки беш аз 870 ҳазори он оилаҳои ҷавон мебошанд. Тавре зикр гардид, шумораи зиёди дигари оилаҳои ҷавон бо манзили истиқоматӣ дар биноҳои баландошёна соҳиби хона шудаанд.
Президенти мамлакат дастур дод, ки барои мусоидати бештар ба ҳалли мушкилоти манзилии оилаҳои ҷавон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иппотека тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Роҳбари давлат аз тамоюлҳои номатлуби даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ ва ба мазҳабу равияҳои бегонаю иртиҷоии динӣ гаравидани баъзе аз ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, насли ҷавону ояндасози кишварро ба ҳушёрию зиракӣ, пайравӣ аз мазҳаби ростини ҳанафӣ, оини таҳаммулпазирӣ ва дур будан аз ифротгароӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оилаи солимро аз омилҳои муҳими ташкили ҷомеаи демократӣ номида, аз тамоюли афзоиши вайроншавии оилаҳои ҷавон дар солҳои охир изҳори нигаронӣ кард. Тавре зикр гардид, соли 2011 дар миқёси кишвар 94 ҳазору 600 ақди никоҳ баста шуда, 6800 то бекор карда шудааст. Дар соли 2012 97 ҳазору 800 ақди никоҳ баста шуда, 7600 оилаи ҷавон вайрон шудааст. Аз ин хотир, Президенти кишвар насли калонсолро ба хуб омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва муқаддас нигоҳ доштани оини хонадорӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат аз дастрасии озоду бемонеаи ҷавонон ба телефонҳои мобилӣ, интернет ва дигар дастовардҳои илму техника изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон аз истифодаи номуназзам ва аз ҳад зиёди онҳо, ки ба саломатии инсон, хусусан ҷавонону наврасон зиёни калон дорад, изҳори нигаронӣ намуд. Бо нигаронӣ таъкид гардид, ки шумораи телефонҳои мобилии истифодашаванда ба беш аз 10 миллион адад расидааст ва ин дар суратест, ки аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 8 миллион нафар аст.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавону ояндасози кишварро ба масъулияти баланди ватандорӣ, соҳибӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, пуштубонӣ аз манфиатҳои давлату миллат, ваҳдату ягонагӣ, ифтихору сарфарозӣ аз ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ва ҷаҳду талоши доимӣ барои рушду тараққиёти Ватани азизи худ ҳидоят намуд.
Сипас миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонон маҳфили доманадори пурсишу посух сурат гирифт, ки зимни он ҷавонон, аз ҷумла ба Сарвари давлат барои сиёсати созандагию бунёдкорӣ, ғамхории доимӣ ба насли наврас ва заминагузорӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.13 №: 72-73 Мутолиа карданд: 2742