logo

энергетика

Истиқлоли энергетикӣ - калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ

Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, 26 апрели соли 2013).

Дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат бо далелҳои қотеъ камбудӣ ва дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ дар самти дастрасӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ истиқлолияти энергетикӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Тоҷикистон  дорои  захираҳои  бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Бо  ин  мақсад дар Паёми  Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии  иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Воқеан дар айни замон, бо назардошти қаламрави на он қадар бузург, Тоҷикистон дорои тақрибан 5% иқтидори энергетикию обии умумиҷаҳонӣ аст. Ҳаҷми умумии захираи  энергетикаи обии Тоҷикистон ба 527 млрд.кВт.соат дар як сол ва иқтидори миёнаи солонаи он ба зиёда аз 60 млрд.кВт.соат баробар мебошад. Аз ин миқдор, истеҳсоли ҳадди ақал 250-300 млрд.кВт.соат дар як сол аз назари техникӣ имконпазир ва аз назари иқтисодӣ самаранок аст. Вале, бо вуҷуди ин, имрӯз танҳо 3-4 дарсади ин захираҳо истифода мешаванд. Гидроэнергетика манбаи барқароршаванда ва аз назари экологӣ комилан тозаи энергия буда, хеле арзон аст. Аз рӯи андозаи мутлақи иқтидори содиротии гидроэнергетика Тоҷикистон баъди кишварҳои Русия ва Заир дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол  мекунад. Рушди содиротии гидроэнергетикаи Тоҷикистон ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ метавонад равандҳои солимгардонии экологии муҳити зистро аз ҳисоби кам кардани истихроҷи газҳои буғӣ дар тамоми минтақа амалӣ созад.
Ҳарчанд Тоҷикистон аз рӯи масоҳат дар дунё ҷойи 85-умро ишғол кунад, вале аз  рӯи захираҳои эҳтимолии энергетикаи обӣ баъд  аз Чин,  Русия,  ИМА,  Бразилия,  Заир,  Ҳиндустон  ва  Канада  дар  ҷойи ҳаштум қарор дорад.
Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикии дарёҳои хурд аст. Ҳаҷми умумии онҳо ба зиёда аз 184 млрд.кВт.соат дар як сол баробар буда, аз ҷумла иқтидори саноатии онҳо зиёда аз 56 млрд.кВт.соат дар як сол мебошад. Кишвари мо таҷрибаи калони сохтмони НБО-ҳои хурдро низ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти зарурати таъмини эҳтиёҷоти кишвар ба энергияи электрикӣ, хусусан дар фасли замистон, истифодаи НБО-ҳои хурд ва ҳатто миёна низ дар шароити ҷумҳурии мо самаранок нестанд. Аз ин лиҳоз танҳо сохтмони НБО-ҳои азим барои мо ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ва суханронии хеш дар Академияи илмҳо, зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2001 дар хусуси пухта расидани зарурати ғанӣ гардонидани иқтидори илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо ва созмон додани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология (ИМОГЭ) дар назди Академияи илмҳоро махсусан таъкид намуд. Маҳз дар асоси супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат 3 июли соли 2002 бо қарори 279-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ИМОГЭ-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ кормандони  институти номбурда ва дигар муассисаҳои академия фаъолона ба ҳалли масъалаҳои мубраму мушкили обию энергетикӣ ва экологӣ пардохтанд ва инак имрӯз олимони Академияи илмҳо  аз Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо руҳу илҳоми эҷодии тоза, балки дастуре гирифтанд, ки ҳар як сатри он ба омӯзишу таҳқиқот ва навовариҳои тозаи илмию техникӣ дар соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи кишвари маҳбубамон ҳидоят месозад.
Солҳои охир маҳз тавассути ҳидоят ва ташаббусҳои бузурги Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат дар ИМОГЭ, Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров, Институти химияи ба номи В. И. Никитин низ корҳои илмӣ - тадқиқотӣ вусъати тоза гирифтанд, ки ба онҳо  таҳлили муқоисавии самаранокии дарёҳои азими Тоҷикистон, таҳқиқи таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ, коркарди усулҳои мутобиқшавии гидроэнергетика ба тағйирёбии глобалии иқлим, коркарди моделҳо ва усулҳои ташхиси ҷараёни об барои гидроэнергетика, таҳлили равандҳои умумии обтақсимкунӣ ва ба танзими  ҷараёни об ҳангоми истифодабарии муштараки захираҳои обӣ - энергетикӣ бо мақсади гидроэнергетика ва ирригатсия, омӯзиши таъсири гидроэнергетика ва рушди он ба экология шомиланд.
Бояд зикр намуд, ки инчунин таҳлилҳо оид ба вазъи мустаҳкамӣ ва устувории маводи сарбандҳои баланди сангию хокӣ, таъсири гидроэнергетика ба шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, обанборҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъсири онҳо ба захираҳои обии минтақа, ҳолати интегратсияи энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкилоти мавҷуда ва коркарди тавсияҳои ҳалли онҳо ва ғайраҳо феҳристи мухтасари самтҳои дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо маҳсуб меёбанд, ки  зарурати  онҳо дар Паёмҳои қаблӣ ва навбатии Сарвари давлат дарҷ ёфтаанд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло корҳои шартномавии худро оид ба ҳамкориҳои илмӣ бо Институти масъалаҳои об ва экологияи филиали сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Русия (Новосибирск), Донишгоҳи давлатии Тараз ба номи М. Х. Дулатӣ (Қазоқистон), Институти  географияи Қазоқистон ва чанде дигар идома дода истодааст.
Дар доираи шартномаҳои ҳамкориҳои эҷодӣ муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои мухталифи мавзуъҳои мушкилоти обӣ, аз қабили усулҳои риёзӣ оид ба масълаҳои муътадилгардонии корҳои иншооти силсилаи НБО-ҳо, усулҳои гидродинамикии ҳисоби таъсири миёнаи ҷараёни турбулентӣ, модели обтақсимкунии муътадил,  коркарди  пешгӯиҳои дарозмуҳлат, технологияи ҳосилкунии оби нӯшиданӣ ва технологияи тоза кардани об ва ғайра корҳои муштарак мегузаронад.
Таҳқиқотҳо дар ин самт аз рӯи як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ давом доранд. Мувофиқи мақсад аст,  ки дар асоси ин лоиҳаҳо олимон ва кормандони бахше аз озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, дар озмоишгоҳҳои муосири Аврупо такмили ихтисос ва маҳорати касбӣ намуда, ҳиссаи худро дар омӯзиши таҳқиқотҳои соҳаи оби нӯшиданӣ ба манфиати мардуми кишвар ва минтақа мегузоранд.
Даъват ва табодули афкор намудани олимони шинохтаи Академияи илмҳо ва чанде дигарон дар семинару конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар Русия (Санкт-Петербург), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Австрия (Вена), Чин (Урумчи), Арманистон (Ереван), Фаронса (Лион), Кореяи Ҷанубӣ (Есу), Олмон (Кёлн) ва ғайраҳо доир ба мавзӯъҳои "Илми интеграсионӣ ва рушди устувори дарёҳо" "Об барои ҳаёт" "Реаксияҳои гидрологӣ ва экологӣ вобаста ба гармшавии глобалӣ дар Осиёи Марказӣ", "Усулҳои изотопии баҳодиҳии захираҳои обӣ ва ҳолатҳои гидрогеологии онҳо", "Ҳамкориҳои техникӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи об", "Сохтори лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати идораи захираҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ", "Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ", "Баҳодиҳии коррупсия дар соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Оқибатҳои гидрологии тағйирёбии сатҳи густурдашуда ва иқлим дар ҳудуди Осиёи Шимолӣ", "Экологияи Арал: мушкилот ва ҳалли он" шоҳиди баланд гардидани обрӯ ва нуфузи на танҳо Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон, балки шаҳодати афзудани неруи ақлонӣ, маънавиёт ва илму фарҳанги кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Мамадшо ИЛОЛОВ,
президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик,

Зайналобуддин КОБУЛИЕВ,
 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо, доктори илмҳои техникӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.13    №: 72-73    Мутолиа карданд: 4270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед